вторник, 23 февраля 2016 г.

Умедгоҳи зан баҳри талаби фарзанд

Акс аз интернет
Ба бемории безурётӣ(бефарзандӣ)  натанҳо занон, балки мардон низ гирифтор мешаванд. Боиси ташвиш аст, ки ин навъи беморӣ рўй ба афзоиш дорад. Дар вилояти Суғд шумораи умумии гирифторони бемории безурётии якумкарата дар маҷмўъ 1580  ва дуввумкарата 623 нафарро  ташкил медиҳад. Масъалаи безурётӣ натанҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ яке аз мавзўъҳои умдаи рўз мебошад. Ин мушкилот то ҷое боиси барҳам хўрдани оилаҳо мешавад. Тибқи маълумоти шўъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар соли гузашта аз 3404 оилаи бархўрда 193 оила бо сабаби бефарзандӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.
Нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки баҳри нигоҳ доштани хонаводаи солим аз ҳар гуна роҳҳои дарёфти тифл ба монанди фарзандхонӣ, усули сунъии бордоршавӣ (ЭКО) истифода мекунанд, ё ба зиёрати мазору оромгоҳҳо ва назди фолбину сеҳргарон мераванд. Имрўз дар вилоят тахмин 500  оила баҳри дарёфти тифл аз хонаҳои кўдакон дар навбат қарор доранд.
Шумораи оилаҳое, ки аз усули бордоршавии сунъӣ истифода кардаанд, низ кам нест. Шамсиддин Қурбонов, директори маркази тиббии "Насл" дар шахри Душанбе, ки дар ҷумҳурӣ ягона аст, иброз дошт, ки 25-30 фисади мизоҷонашро сокинони шимоли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар маҷмўъ, тўли фаъолият марказ василаи тавлиди 108 нафар тифл дар кишвар гаштааст.
Бозори сеҳргарон бошад, аз ҳисоби занони талабгори фарзанд