четверг, 8 апреля 2021 г.

Оё нафақа хароҷоти кӯдаконро рӯйпӯш мекунад?

 Мувофиқи маълумоти Раёсати тандурустии вилоят, имрӯз дар Суғд 7853 нафар ҳамчун кӯдакони имконияташон маҳдуд (минбаъд КИМ) ба қайд гирифта шудаанд, ки ин  теъдод нисбат ба соли 2018 2,9 дарсад зиёд аст. Вале аз ин шумора, на ҳамаи кӯдакон ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ пайдо намудаанд. Бино ба маълумоти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд соли 2020 танҳо 96,8 фоизи онҳо бо нафақа таъмин гаштаанд.