Акс аз интернет |
Ба бемории безурётӣ(бефарзандӣ) натанҳо занон, балки мардон низ гирифтор
мешаванд. Боиси ташвиш аст, ки ин навъи беморӣ рўй ба афзоиш дорад. Дар вилояти
Суғд шумораи умумии гирифторони бемории безурётии якумкарата дар маҷмўъ 1580 ва дуввумкарата 623 нафарро ташкил медиҳад. Масъалаи безурётӣ натанҳо дар
вилоят, балки дар ҷумҳурӣ яке аз мавзўъҳои умдаи рўз мебошад. Ин мушкилот то ҷое
боиси барҳам хўрдани оилаҳо мешавад. Тибқи маълумоти шўъбаи сабти асноди ҳолати
шаҳрвандии вилоят дар соли гузашта аз 3404 оилаи бархўрда 193 оила бо сабаби
бефарзандӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.
Нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки баҳри нигоҳ доштани
хонаводаи солим аз ҳар гуна роҳҳои дарёфти тифл ба монанди фарзандхонӣ, усули
сунъии бордоршавӣ (ЭКО) истифода мекунанд, ё ба зиёрати мазору оромгоҳҳо ва
назди фолбину сеҳргарон мераванд. Имрўз дар вилоят тахмин 500 оила баҳри дарёфти тифл аз хонаҳои кўдакон
дар навбат қарор доранд.
Шумораи оилаҳое, ки аз усули бордоршавии сунъӣ
истифода кардаанд, низ кам нест. Шамсиддин Қурбонов, директори маркази тиббии
"Насл" дар шахри Душанбе, ки дар ҷумҳурӣ ягона аст, иброз дошт, ки
25-30 фисади мизоҷонашро сокинони шимоли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар маҷмўъ,
тўли фаъолият марказ василаи тавлиди 108 нафар тифл дар кишвар гаштааст.
Бозори сеҳргарон бошад, аз ҳисоби занони талабгори
фарзанд
ба мисли солҳои пешин дигар сердаромад нест, зеро фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ
дар кишвар соли 2007 расман манъ шудааст. Дар сурати ошкор шудани ин гуна
фаъолият тибқи банди 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 40
то 100 нишондиҳандаи ҳадди ақал ё аз 1 ҳазор 600 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ
мешаванд. Агар пешниҳод дастгирӣ ёбад ин муҷозот метавонад то ба 7 соли зиндон
иваз шавад.
Тибқи маълумоти шўъба оид ба дин ва танзими маросиму
анъанаҳои МИҲД вилоят 179 нафар фолбин қайд шуда, ду нафар ба сифати табиби халқӣ
бо иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман фаъолият
доштаанд.
Аз мисолҳои боло, зиёрати мазору мақбараҳо, ки шумораи
онҳо дар вилоят зиёда аз 90 аст, ҷои
оромгоҳ ва умедгоҳи занони дар талаби фарзанд буда, боқӣ мемонад. Аз рўи нақли
сокинони атрофи зиёратгоҳҳо онҳо ҳар рўз шоҳиди гиряву нола ва навҳаи заноне
мешаванд, ки баҳри дарёфти фарзанд омадаанд.
Олим Маҳмудов, шайхи мазори Лангар-ота зикр мекунад,
ки "ҳарчанд мегўям, аз гаҳвораи сангин талаб кардани тифл нодуруст аст,
боз мардум ҳамон амалашро идома медиҳад".
Дарди бефарзандӣ Парвинаро ҳамроҳи шавҳараш аз ноҳияи
дурдасти Айнӣ ба ноҳияи Спитамен овардааст. Дар Спитамен мақбараи Лангар-ота
мавҷуд буда, мардум ба таври худ онро мазори Гаҳвора низ ном мебаранд. Аз он
хотир, ки дар мавзеи мақбара санге дар шакли гаҳвора вуҷуд дошт. Ҳарчанд он
имрўз ба санги дигар иваз шуда бошад ҳам, занон баҳри талаби тифл бо умед онро
такон медиҳанд.
Парвина мегўяд:
-Хушдоманам
гуфтанд, ки келини ҳамсоя ба мазори Лангар-ота рафта, ҳомиладор шудааст,
ту ҳам кати писарам рав, "аз карнайча як пуф"-гуфтаанд. Ҳамон зани
хамсоя солҳои дароз табобат гирифт натиҷа надод, баъди зиёрати мазор модар шуд.
Мо ҳам мехоҳем, ки ҳарчи тезтар кўдакдор шавем.
Мисли Парвина хамарўза, махсусан дар фасли гармо ва
рўзҳои истирохат, даҳхо нафар бо нияти талаби фарзанд ба мақбараи Лангар-ота
меоянд. Оилаҳои бефарзанд ба чунин "умедгоҳҳо" дарҳоле рўй меоранд,
ки табобати духтурон самарае намедиҳад
Ба андешаи Нигина Ҳасанова, сарвари маркази солимии
репродуктивии вилояти Суғд аксар маврид сабабҳои бемории безурётӣ дар нуқсони
модарзодӣ, шамолхўрии бачадон ва найчаҳои он, нуқси ҳормонӣ, яъне вайроншавии ҳайзбинӣ,
бемориҳои тавассути алокаи ҷинсӣ гузаранда зоҳир мешавад. Манбаъ мегўяд: "Саривақт
ба табиб муроҷиат накардани бемор боиси тўлонӣ идома ёфтани табобат мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз бемор ва оилаи ў, сабру таҳаммулро талаб мекунад. Аммо онҳо ба
зудӣ ҳомиладор шудан мехоханд. Фикр намекунанд, ки барои таъсири давоҳо ба
организм як миқдор вақт лозим аст. Натиҷаи
табобатро интизор нашуда, аз овозахову шунидаҳои мардум дар ҷустуҷўйи
умедгоҳҳо мешаванд. Шояд бар асари таъсироти пешинаи тиббӣ дар натиҷаи сафар ва
ивази иқлим ба фарзанд мушарраф шуда бошанд".
Мухлиса Исроилова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои
дарёфти тифл се оромгоҳҳои вилоят-мақбараи Лангар-ота, мазори Овчӣ-Қалъача ва
мазори муродбахшро зиёрат кардааст. Имрўз ў модари чаҳор фарзанд: ду духтар ва
ду писар мебошад.Ў иброз медорад: "Ман дақиқ гуфта наметавонам, ки кадоме
аз усулҳо барои ман муаассир буд. Ману шавхарам аз ҳама гуна воситаҳо баҳри
фарзанд истифода кардаем ва дар хотир ҳам дорем. Мисол, дар мазори Овчӣ-Қалъа
руймолеро ба дарахт бастам, аз обаш нўшида дар назди мақбарае дуо хондам. Ё дар
мазори Гаҳвора ҳамон гаҳвораи сангинро сахттар такон додам, то ҷунбаду модар
шавам. Дар мақбараи муродбахш бошад, ба даргоҳи Худованд бо нияти дарёфти
фарзанд даст ба дуо бардоштем. Ба ҳар ҳол,
муолиҷаро зери назорати духтури амрози занона дар мадди аввал мегузорам, зеро
то саломатӣ имкон надиҳад "лаъл ба даст намеояд". Ман то лаҳзаи
охирон бовар надоштам, ки модар мешавам.
Раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд, сархатиби масҷиди
ҷомеи Шайх Маслиҳиддини шаҳри Хуҷанд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, талаби фарзандро аз
зиёратгоҳҳо нодуруст мешуморад:
-Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Неъматҳои
Парвардигори олам зиёд мебошад. Аз ҳама неъмати бузург барои инсон ин фарзанд
аст. Худованди таборак ва таъоло фарзандро ато мефармояд. Бо сабабҳои маълум,
бархе фарзанддор намешаванд. Онҳо ҳаргиз набояд ноумед шаванд, зеро
Парвардигори олам дар Қуръони шариф мефармояд: "Аз раҳмати Худо шумо ҳеҷ
гоҳ ноумед набошед".
Худованд қодир аст, фарзанд ато фармояд. Агар монеа
дар роҳи саломатӣ ё дигар мушкилот мавҷуд бошад, албатта ба табибон ва нафароне,
ки дар ҳаёт таҷрибаи зиндагӣ доранд, муроҷиат кунанд. Баъзан аз 5 сол ва зиёда
аз он таъхир мешавад. Афсўс, ки имрўз бархе аз домоду арўсҳо тўли 1 ё 2 сол фарзанддор нашаванд, кўшиш
барои ҷудошавӣ мекунанд, ки албатта хато аст. Насли калонсолони хонавода бояд
ба фарзандон таҳаммулпазирӣ омўзанд.
Ҳама чизро, аз он ҷумла фарзандро бояд аз Худо талаб
кунанд. Аз нигоҳи шариат талаб кардани фарзанд аз мазор дуруст нест, зеро тифлро Парвардигор ато мефармояд. Агар гўяд,
ки "ман фалон мазорро зиёрат карда, фарзанддор шудам, яъне аз Худованд неву аз мазор донад
гунаҳкор мешавад.
Агар ба Қуръон назар кунем, дар таърихи гузаштагон, аз
ҷумла пайғамбарон, масалан, ҳазрати Иброҳим алайҳи салом дар вақти пирӣ фарзанддор шудаанд. Дар Қуръони
азиммушанъ оварда шудааст, ки хазрати Иброҳим дуо карданд ва Парвардигори олам ҳазрати Исмоилро ато
фармуд. Ё ҳазрати Закариё алайҳи салом,
ки пайғамбар буданд дуои он кас дар талаби тифл мустаҷоб шуд ва Худованд Яҳё
алайҳи саломро фиристод. Хуллас, инсон бояд
фарзандро аз Худо талаб намояд ва муолиҷаро сарфи назар накунад. Оллоҳи бузург
мефармояд: Агар бандаам баихлос дуо кунад, ман мустаҷоб мегардонам.
Таҳлилгарон бар он ақида мўътақиданд, ки баҳри талаби
фарзанд ба зиёратгоҳҳо рўй овардани мардум аз паст будани маърифати динӣ
аст.
Нигина Ҳасанова, иловатан мегўяд, шумораи нафароне, ки
баъди зиёрати мазору мақбараҳо ба муолиҷаи тиббӣ бори дигар муроҷиат кардаанд,
кам нестанд. Мувофиқи маълумоти комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак хоҳишмандон баҳри
парастории кўдакони ятиму бепарастор низ афзуда,244 нафар ба васоят ва 285
нафар кўдакон ба фарзанхонӣ гирифта шудаанд.
Аз рўи гуфти Шамсиддин Қурбонов бошад, баҳри осон
намудани мушкилоти оилаҳои бефарзанд дар вилояти Суғд боз кардани маркази усули
бордоршавии сунъӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Ин усулро уламои
дин дарҳоле ҷоиз донистаанд,ки агар бордоршавии зан бо василаи нутфаи шавҳараш
сурат бигирад.
Зебоҷон Курбонова
Комментариев нет:
Отправить комментарий