среда, 10 февраля 2021 г.

“Ҳақталошӣ накунед”. Муҳимтарин мушкилоти ҷалби кудакони имконияташон маҳдуд ба боғча кадом аст?

 Ба мо маъмулан мегӯянд, ки ҳақталошӣ накунед, мураббиёнро ҳавасманд намоед. Ба онҳо сухани хуш бигӯед, вагарна кӯдакатон берун аз таваҷҷӯҳ мемонад, зеро аз буҷа маблағи иловагӣ ҷудо намешавад”,-мегӯяд, Сайёра (ном иваз карда шудааст), сокини шаҳри Истаравшан, ки кӯдаки имконияташ маҳдуд дорад. Ба гуфтаи вай, мушкилоти волидон бо ворид кардани чунин кӯдакон ба кӯдакистон анҷом наёфта, балки идома мекунад.