понедельник, 19 сентября 2016 г.

Тоҷикистон акнун метавонад ба хориҷа бензин фурушад

Данғара Тоҷикистонро аз дасти инҳисори Русия берун мекашад, агар корхонаи бузурги коркарди нафти он тавонад талаботи кишварро нисбат ба маҳсулоти сӯзишвории босифат ва дастрас қонеъ гардонад. 

Сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара соле пеш оғоз шуда, бояд дар моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. То ибтидои он Тоҷикистон маҷбур аст, воридоти маводи сӯхтро бо нархи нисбат ба нафти хом баландтар аз хориҷ идома диҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Globalpetrolprices.com, арзиши маҳсулотии сӯзишворӣ дар муқоиса бо давлатҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон гарон аст.

среда, 25 мая 2016 г.

"ДОРУ"-И ЗИДДИДОТАТСИОНИИ ДЕВАШТИЧ КАДОМ АСТ?

Солҳои охир гузоштани исми шахс ба истгоҳҳои ҷамъиятии ноҳияи Деваштич (пештара Ғончӣ) муд шудааст. Ба мисли истгоҳи Ҳоҷӣ Исҳоқ  бобои Аюб, бобои Собирчон, бобои Мирашур, бобои Қосим, Раҷабов Даврон ва ғайра, ки сохтмони бархе аз он бо ташаббуси аъзои оилаи муҳоҷирон, аз ҳисоби маблағи  фаъолият дар Русия сурат гирифтааст.

суббота, 2 апреля 2016 г.

ЗИНДАГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҚАДАР АРЗИШ ДОРАД?

-Айб надонед, музди маошам яхдонамро пур намекунад,-мегӯяд  амаки Љамшед (номи мустаор), ки навбатдори роҳ мебошад. Ӯ дар шаҳри Душанбе бо шаш нафар фарзандаш зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, ки агар ҳар маҳсулоти дилхостаи фарзандонашро бигирад, музди меҳнаташ  ҳатто барои се ҳафта кифоя намекунад. Аз ин лиҳоз, аз харидани маҳсулоти серғизо даст мекашад ва  фарзандонаш бо либоси бародар ва хоҳари  калониашон ба воя мерасанд.
Бино ба нақли ӯ, ҳатто 20 фоиз боло рафтани маош барои рӯйпӯш намудани хароҷоти рӯзгораш басандагӣ намекунад. Дар як моҳ 700 сомонӣ маош гирифта, ба 400 сомонӣ маҳсулоти озуқаворӣ мехарад. Боқимондаашро барои харидани асбобу либосвории фарзандонаш масраф мекунад. Бар замми ин, маблағи хизматрасонии коммуналиро низ бояд пардохт намояд. Мегӯяд:

вторник, 23 февраля 2016 г.

Умедгоҳи зан баҳри талаби фарзанд

Акс аз интернет
Ба бемории безурётӣ(бефарзандӣ)  натанҳо занон, балки мардон низ гирифтор мешаванд. Боиси ташвиш аст, ки ин навъи беморӣ рўй ба афзоиш дорад. Дар вилояти Суғд шумораи умумии гирифторони бемории безурётии якумкарата дар маҷмўъ 1580  ва дуввумкарата 623 нафарро  ташкил медиҳад. Масъалаи безурётӣ натанҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ яке аз мавзўъҳои умдаи рўз мебошад. Ин мушкилот то ҷое боиси барҳам хўрдани оилаҳо мешавад. Тибқи маълумоти шўъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар соли гузашта аз 3404 оилаи бархўрда 193 оила бо сабаби бефарзандӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.
Нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки баҳри нигоҳ доштани хонаводаи солим аз ҳар гуна роҳҳои дарёфти тифл ба монанди фарзандхонӣ, усули сунъии бордоршавӣ (ЭКО) истифода мекунанд, ё ба зиёрати мазору оромгоҳҳо ва назди фолбину сеҳргарон мераванд. Имрўз дар вилоят тахмин 500  оила баҳри дарёфти тифл аз хонаҳои кўдакон дар навбат қарор доранд.
Шумораи оилаҳое, ки аз усули бордоршавии сунъӣ истифода кардаанд, низ кам нест. Шамсиддин Қурбонов, директори маркази тиббии "Насл" дар шахри Душанбе, ки дар ҷумҳурӣ ягона аст, иброз дошт, ки 25-30 фисади мизоҷонашро сокинони шимоли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар маҷмўъ, тўли фаъолият марказ василаи тавлиди 108 нафар тифл дар кишвар гаштааст.
Бозори сеҳргарон бошад, аз ҳисоби занони талабгори фарзанд