Данғара Тоҷикистонро аз дасти инҳисори Русия берун мекашад, агар
корхонаи бузурги коркарди нафти он тавонад талаботи кишварро нисбат ба маҳсулоти
сӯзишвории босифат ва дастрас қонеъ гардонад.
Сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара соле пеш оғоз шуда, бояд
дар моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. То ибтидои он Тоҷикистон
маҷбур аст, воридоти маводи сӯхтро бо нархи нисбат ба нафти хом баландтар аз хориҷ
идома диҳад.
Бино ба иттилои сомонаи Globalpetrolprices.com, арзиши маҳсулотии сӯзишворӣ дар муқоиса бо давлатҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон
гарон аст.