Данғара Тоҷикистонро аз дасти инҳисори Русия берун мекашад, агар корхонаи бузурги коркарди нафти он тавонад талаботи кишварро нисбат ба маҳсулоти сӯзишвории босифат ва дастрас қонеъ гардонад.
Сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара соле пеш оғоз шуда, бояд дар моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. То ибтидои он Тоҷикистон маҷбур аст, воридоти маводи сӯхтро бо нархи нисбат ба нафти хом баландтар аз хориҷ идома диҳад.
Бино ба иттилои сомонаи Globalpetrolprices.com, арзиши маҳсулотии сӯзишворӣ дар муқоиса бо давлатҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон
гарон аст.
Create bar chart
Тоҷикистон дар як сол ба 1 миллиону 800 ҳазор тонна маҳсулоти
нафтӣ эҳтиёҷ дорад, вале
танҳо 1 фоизи ин талабот аз
ҳисоби нафти ватанӣ қонеъ
мегардад. 99%-и маблағи
кишвар баҳри хариди
маҳсулоти сӯзишворӣ ба
хориҷ меравад. Маҳсулоти
нафтӣ ба мамлакат аз Русия,
Қазоқистон, Туркманистон,
Қирғизистон ва дигар кишварҳо ворид мешавад. Воридкунандаи
ҳаҷми бузурги маводи сӯзишворӣ ба кишвар Русия ба шумор
меравад. Аз ҷумла дар соли 2015 ширкати "Газпром"-и Русия ба
кишвар бе боҷи гумрукӣ 260 000 тонна бензин, 310
000 тонна
сузишвории дизелӣ, 160 000 тонна гази моеъ,4хазор тонна
авиакерасин ва 4хазор битум ворид намудааст.
Create bar chart
Тоҷикистон дар як сол ба 1 миллиону 800 ҳазор тонна маҳсулоти
нафтӣ эҳтиёҷ дорад, вале
танҳо 1 фоизи ин талабот аз
ҳисоби нафти ватанӣ қонеъ
мегардад. 99%-и маблағи
кишвар баҳри хариди
маҳсулоти сӯзишворӣ ба
хориҷ меравад. Маҳсулоти
нафтӣ ба мамлакат аз Русия,
Қазоқистон, Туркманистон,
Қирғизистон ва дигар кишварҳо ворид мешавад. Воридкунандаи
ҳаҷми бузурги маводи сӯзишворӣ ба кишвар Русия ба шумор
меравад. Аз ҷумла дар соли 2015 ширкати "Газпром"-и Русия ба
кишвар бе боҷи гумрукӣ 260 000 тонна бензин, 310 000 тонна
сузишвории дизелӣ, 160 000 тонна гази моеъ,4хазор тонна
авиакерасин ва 4хазор битум ворид намудааст.
танҳо 1 фоизи ин талабот аз
ҳисоби нафти ватанӣ қонеъ
мегардад. 99%-и маблағи
кишвар баҳри хариди
маҳсулоти сӯзишворӣ ба
хориҷ меравад. Маҳсулоти
нафтӣ ба мамлакат аз Русия,
Қазоқистон, Туркманистон,
Қирғизистон ва дигар кишварҳо ворид мешавад. Воридкунандаи
ҳаҷми бузурги маводи сӯзишворӣ ба кишвар Русия ба шумор
меравад. Аз ҷумла дар соли 2015 ширкати "Газпром"-и Русия ба
кишвар бе боҷи гумрукӣ 260 000 тонна бензин, 310 000 тонна
сузишвории дизелӣ, 160 000 тонна гази моеъ,4хазор тонна
авиакерасин ва 4хазор битум ворид намудааст.
Create pie charts
Соли ҷорӣ Русия эълон дошт ба Тоҷикистон маҳсулоти
нафтиро бидуни боҷи гумрукӣ боз ба миқдори 830 000 тонна содир хоҳад кард.
Коршиносон имтиёзи мазкурро ба Тоҷикистон, бар ивази тамдиди ҳузури пойгоҳи
201-умаш дар мамлакат маънидод намуданд. Ахиран думаи давлатии Федератсияи Русия
санаи 3-июли 2016 конунеро ба тавсиб расонид,ки дар асоси он фурӯши махсулотхои нефтӣ танҳо дар бозори дохилии кишвари
воридшуда имкон дошта, содироти он мамнӯъ аст.
- Ҳарчанд арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон поён рафт,
аммо
дар корхонахои коркарди маҳсулоти нафтии Русия нархҳо қариб,
ки тағйир наёфтанд,-мегӯяд Усмоналӣ Усмонзода, вазири бахши энергетика.
Ӯ мегӯяд, ширкатҳои ватанӣ ҳуқуқ доранд, маҳсулоти сӯзишвориро
аз кадом давлате, ки хоҳанд ворид намоянд, вале афзалияти бештар ба маҳсулоти
нафтии Русия дода мешавад, зеро имкон медиҳад бе боҷи гумрукӣ маводи сӯхтро
ворид намояд.
Коршиносон сабаби асосии гаронии нархи сузишвориро дар
Тоҷикистон дар набудани рақобати солим дар бозори фурӯши маҳсулоти нафтӣ
медонанд.
Коршиноси масоили иқтисодӣ Камолиддин Асомиддинов
иброз медорад, ки аз рӯи ҳисоби ӯ бензин дар Тоҷикистон набояд аз 4 сомонӣ боло
бошад.
-Як тонна маҳсулоти нафтӣ баробари
33 ҳазор рубли русӣ аст. Агар барои содироти як тонна 150 доллар масраф шавад,
25% фоидаи ширкатро ба он зам кунем, пас нархи як литр бензин ба 4 сомонӣ
баробар мешавад.Бозори маҳсулоти сӯхти Тоҷикистон, зери назорати ширкати
"Газпромнефт-Тоҷикистон" ва ҳаммаслакони ӯ қарор дорад, ки ҳар нархе мехоҳанд,
ҳамонро муайян мекунанд.
Коршиносон ин ҳолатро имтиёзҳои Маскав на ба Тоҷикистон,
балки танҳо бар фоидаи ашхоси алоҳида унвон мекунанд.
Чӣ бояд кард?
Тибқи маълумоти кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии ҶТ беш аз 25%-и қаламрави Тоҷикистонро заминҳое ташкил
медиҳанд, ки барои ҷустуҷӯйи маҳсулоти нафту газ мувофиқ дониста шуда, ба омӯзиши
геологӣ ниёз дорад.
Ҳарчанд Вазорати молия ҳар сол барои чунин ҷустуҷӯйҳои
илмӣ маблағ дар ҳаҷми ҷудо мекунад, вале натиҷаи онҳо заҳматталабу душвор арзёбӣ
гардида, ҳамоно бесамар боқӣ мемонад,зеро истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон таҷҳизоти
муосир ва маблағи зиёдро мехоҳад. Дар харита захирахои бештари нафтии Тоҷикистон дар ҳудуди
нохияи Данғара ва гирду атрофи он ба назар мерасад, аз ин хотир бошад, ки
корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ низ маҳз дар ин минтақа, бунёд гардид. Бар
замми ин, ҳар кишвар лоиҳаро бо назардошти ду омил: амният ва даромаднокӣ
сармоягузорӣ мекунад.
Коршиносон низ ба он ақидаанд, ки ба роҳ мондани
коркарди пурраи нафт дар дохили кишвар ва воридоти нафти хом аз хориҷ роҳи
асосии раҳоӣ аз яккатозии Русия аст.
-Дар ҳолати ба кор даромади корхонаи
коркарди нафти Данғара мо метавонем худро бо маҳсулоти сӯзишворӣ таъмин кунем
ва ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳем.-зикр медорад Зулфиқори Исмоилиён, шореҳи иқтисод.-Агар корхона нафтро аз Қазоқистон
ва Эрон бихарад арзон меафтад, зеро арзишаш паст ва роҳаш кӯтоҳ аст. Бисёр
кишварҳое ҳастанд, ки нафт надоранд, аммо нафти хомро коркард мекунанд. Ҳозир
як барел нефт 47 доллар аст ва дар ҳолати истеҳсол кардани навъҳои гуногуни маҳсулоти
сӯзишворӣ як қиммати бензин метавонад 10-15 % барзиёд фоида оварад. Харидани
ашёи хом мушкил надорад, чун Қазоқистон омода аст, ба мо нафт бифурушад. Бар
ивази бо нархи гарон харидани бензин аз
Русия, харид ва коркарди нафт ба мо фоидаи бештар меорад.
Агар дар корхонаи полоиши нафти Данғара
дастгоҳу таҷҳизоти
ҷадидро насб бикунанд, мо метавонем бензини навъи ЕВРО -70
ба
ҷои АИ 92-98 истеҳсол кунем. Дар бозори минтақа ҷои мустаҳкам
бигирем ва
онро ба Афғонистону Покистон содир намоем, то
дигар ба Русия мӯҳтоҷ нашавем.90 фоизи сармояи корхонаи
мазкур, ба ширкати хитоии "ХЭЛИ" тааллуқ
дошта, Тоҷикистон
дар ҳолати фаъолияти корхона аз рӯи иқтидори пурра танҳо аз
хисоби андоз метавонад ба миқдори 49 миллион евро фоида
гирад.
-Фоидаи асосӣ аз ин корхона
ба Тоҷикистон
ҷойи корӣ
дар ин минтақа аст. Аз ин
андози иҷтимоӣ ва андоз аз
фоида ба буҷа ворид
мешавад,-мегӯяд Собир
Вазиров.-Воридоти нафти
хом тавассути роҳи оҳан аз
андоз озод аст. Танҳо дар
ҳолати коркард ва фурӯш дар бозори Тоҷикистон 24% андоз аз
арзиши иловашуда месупорад. Аз ин фоида ба буҷа аст. Аз
фоидаи хеш ширкати хориҷӣ андоз намесупорад. Чун тибқи
қонунҳои ҷории Тоҷикистон ширкатҳои хориҷа ҳар
даромаде, ки
ба даст меоранд ҳуқуқ дорад онро ба ватани хеш интиқол диҳанд.
Ин
ба хотири фароҳам овардани фазои хуби
сармоягузорӣ аст.
Дар иқтисоди Тоҷикистон аз даромад маблағ намемонад. Агар ин
ширкати ватанӣ мебуд мо миллионҳо фоида мегирифтем, ба
монанди ширкатҳои
Тотал, ва Биби. Имрӯз 90 фоизи кишварҳо
лӯлаҳо сохта, нафти хом мехаранд ва онро коркард мекунанд, зеро
арзон меафтад.
Аз он сабаб, ки ширкати хориҷа аст ва дар
минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир
шудааст аз ҳисоби даромадаш
андозбандӣ намешавад. Дар минтақаи озоди иқтисодӣ
корхонаҳо
аз тамоми андоз ба гайр аз андози иҷтимоӣ озод ҳастанд.
Дар ҳолати муштарак будани ин корхона
маблағ аз фоида дохили
иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонд, дар заминаи ин боз
корхонаҳои нав бунёд мегардиданд.
Тоҷикистон алҳол низ имкон дорад, буҷаи
худро дар доираи
корхонаи полоиши нафти Данғара ғанӣ гардонад. Агар бо
сармояи ватанӣ корхонаҳои иловагӣ ба монанди нуқтаҳои
фурӯши маводи хӯрокворӣ, корхонаи истеҳсоли пластика ,
қуттиҳои пластикӣ ва дигар
навъи маҳсулоти нафтиро ба роҳ
монад. Ба ин васила, кишвар метавонад бо ҷойҳои
корӣ шумораи
муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш дода,
даромадҳои иловагиро ба
буҷа ворид намояд. Вагарна 90 фоизи даромади буҷаи
давлатӣ аз
ҳисоби андоз боқӣ мемонаду техникаи корхонаи коркарди нафти
Данғара
то рӯзи ба системаи иқтисодиёти Тоҷикистон ворид
гаштанаш фарсудаву корношоям
мегардад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий