пятница, 21 июля 2017 г.

Таҳсили 12-сола барои Тоҷикистон миллиард сомонӣ арзиш дорад

Қазоқистон аз низоми таълими 12-солаи таҳсилот даст кашид. Аммо Тоҷикистон аз соли 2020 то 2032 тадриҷан ба низоми 12-солаи таҳсил мегузарад.

Ҳадафи асосии  роҳандозии чунин низоми таълимро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ Икром Донахонов, намояндаи Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми таълими ягонаи ҷаҳонии таҳсилот иброз медорад.



Ислоҳоти таҳсил дар мактабҳо таълими соҳавиро ҳатмӣ мешуморад.Дар консепсияи нав се сатҳи таълими пурраи миёна- маълумоти ибтидоӣ, маълумоти миёнаи заминавӣ ва маълумоти миёнаи соҳавӣ пешбинӣ шуда, кӯдакон аз синни 6-солагӣ ба мактаб мераванд

Низоми нави таҳсилот дар паёми роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2009 таъкид шуда буд. Парлумони кишвар дар соли 2010 бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни ҶТ  "Дар бораи маориф" ба корҳои омодагӣ ба таҳсили 12-сола роҳ кушод. Ҳамон солҳо тибқи нақша Тоҷикистон мебоист солҳои 2016-2017 батамом ба ин низом мегузашт, аммо соли 2016 ин раванд боз чаҳор соли дигар то 2020 ба таъхир гузошта шуд.  
Имрӯз дар ҷаҳон ин раванди таълим дар кишварҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Гурҷистон босуръат идома дорад. Дар муқоиса бо давлатҳои болозикршуда, Латвия низоми 13-соларо пеша карда, хонандагон то синфи 9 барномаи таълимии мактабӣ ва чаҳор соли минбаъд вобаста ба интихоби ихтисос дар худи мактабҳо таълим меомӯзанд ва соҳиби диплом мешаванд.    
Белорусия бошад, тасмим дорад, дар соли минбаъда пурра ба ин навъи таълим бигзарад.
Икром Донахонов илова мекунад, ки дар кишвар дар заминаи муайян кардани  харҷи як соат дарси иловагӣ барои тамоми хонандагони ҷумҳурӣ, ки 1, 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд ҳаҷми маблағи харҷи низоми ҷадидро миллионҳо сомонӣ арзёбӣ мекунад.



Ҳанӯз соли 2015 вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид дар яке аз нишастҳо дар пойтахт аз низоми 12-солаи таҳсил пуштибонӣ карда, зикр дошта буд, ки барои ин навъи низоми таълим  миллиардҳо сомонӣ хароҷот мешаванд ва давлат қудрати ҷудо кардани чунин ҳаҷми маблағро надорад. Аз ин лиҳоз, иброз намуд, ки роҳандозии низоми мазкур, ҳанӯз таҷриба мешавад.


-Новобаста аз мушкилоти молиявӣ гузариши кишварро ба низоми таълими 12-солаи таҳсилот ногузир аст, зеро ҳар соли таҳсил ба 20 фоиз ба маҷмӯи маҳсулоти дохила таъсир мерасонад,-мегӯяд Абдуфаттоҳ Ҳотамов, муассиси мактаби хусусии Ҳотамов ПВ:

-Агар барномаи таълимии мактаби таҳсилоти умумиро таҳрир кунем, танҳо барои 7-8 сол кифоягӣ мекунад. Ман далели қотеъро оид ба ҷорӣ намудани таҳсилоти 12-сола дар Тоҷикистон дарёфт накардам, ғмегӯяд иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров. -Бар ивази роҳандозии низомҳои муосир, мо пеш аз ҳама, сифати таълими ҷориро бояд беҳтар намоем, зеро дар кишвар дар мадди аввал норасоии кадрҳо ва макотиб ба назар мерасад.  

Комментариев нет:

Отправить комментарий