понедельник, 3 декабря 2018 г.

АКНУН БА МАРДУМ ҶУБРОНПУЛӢ НАМЕДИҲАНД,ЗЕРО КАМБИЗОАТОН ДИГАР МУРОҶИАТ НАМЕКАРДААНД


Мардуми ниёзманд бошад, дар бораи табдили низомҳои имтиёзнок назари дигар доранд

Соли нави 2019 -ро мардуми камбизоати вилояти Суғд бо “армуғони” тоза пешвоз мегиранд. Тибқи маълумоти дастрасшуда сар аз соли нав,  1,6 фоизи аҳолии ин вилоят аз барқи ройгон маҳрум мегарданд. Гап сари низоми ҷубронпулии пардохти қувваи барқ меравад, ки дигар ба онҳо пешниҳод намешавад.


-Аслан сухан на дар бораи барњам додан ва ё ќатъ намудани имтиёзњо оид ба истифодаи неруи барќи ройгон меравад, балки тибќи тадриљан љорї намудани механизми нави баќайдгирии оилањои камбизоат ва таъин намудани кӯмакпулии иљтимоии унвонї меравад. Зеро ки дар назар аст, ки аз 1 январи соли 2019 дар тамоми шањру ноњияњои кишвар механизми нави таъин ва пардохти кумакпулии иљтимоии унвонї љорї хоњад гашт. Дар айни замон ин механизм ба таври таљрибавї дар 40 шањру ноњияњо амалї шуда истодааст ва дар 28 шањру ноњияњои дигар, аз љумла баъзе шањру ноњияњо дар вилояти Суѓд тавассути ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №379 камбизоатии оилањо муайян гардида, ба онњо љубронпулї барои истифодаи нерӯи барќ таъин карда мешавад, -мегӯяд Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.
Ба қавли ин масъули вазорат,  яке аз сабабњои асосии љорї намудани механизми нави таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо – ин ба мушкилоти љамъоварии њуљљатњои зарурӣ аз тарафи сарварони оилањо иртибот мегирад, ки аксари маврид хароҷот барои дастрас кардани маълумотномањо ба арзиши ҷубронпулӣ баробар мешавад.   
-Ҳолатҳое кам нестанд, ки аз деҳаи дурдаст ба маркази ноҳия меоянд ва шахси масъулро дар утоқи корӣ намеёбанд. Ҷамъоварии ҳуҷҷат аз пули пардохт зиёд мешавад ва дар натиҷа муроҷиаткунанда аз иштирок дар барнома  даст мекашад. Бо маќсади ба танзим даровардани раванди расонидани кӯмакњои иљтимої  зарурат пеш омад, то ду қарори амалкунандаи кӯмакпулиҳои иљтимоии давлатиро, ки яке барои қувваи барқ равона шуда, дигаре “кӯмакпулии мактаббачагон” ном дорад, муттаҳид намояд. 
Хотиррасон мешавем, ки дар солҳои қаблӣ барои истифодаи нерӯи барќ ба як ќатор категорияњои шањрвандон дар асоси моддаҳои алоҳидаи қонунҳои соҳавии кишвар оид ба фароҳам овардани имтиёзҳо роҳандозӣ мегардид. Аммо соли 2004 ҳукумат ин ташаббуси худро, ки дар қонунгузории мамлакат ифода ёфта буд, аз байн бурда, акнун онро дар шакли қарори алоҳида амалӣ менамояд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ҷубронпулиҳоро роҳандозӣ намуд, ки шумораи қарздорони қувваи барқ аксаран аз ҳисоби мардуми камбизоат буда, имкони пардохтро надоштанд. Гуфта мешавад, ки пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ шумораи шаҳрвандони камбизоат дар мамлакат  то 83 дарсадро ташкил мекард, ки феълан ба 30% баробар шудааст. Дар солҳои пешин, ки сатҳи камбизоатӣ хеле зиёд буд, ҳаҷми истифодаи нерӯи барқи оилаҳои камбизоат қисман аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт мегардид.        То соли 2012 дар баробари ҷубронпулӣ барои истифодаи нерӯи барқ 30 метри мукааб гази табиӣ низ ба таври ройгон ба мардуми камбизоат дастрас мешуд. Бо вуҷуди ин, ҳаҷми муқаррарнамудаи нерӯи барқ наафзуд. Дар ҳоле миқдори муайяншуда ҳанӯз дар ҳамон даврае муқаррар шудааст, ки дар кишвар дар як рӯз 4 соат нерӯи барқ медоданд. Коршиносон ворид намудани иловаҳоро танҳо ба боло рафтани ҳаҷми ҳади ақалли маош маънидод мекунанд. Чун ба рӯйхати гирандагони ҷубронпулӣ нафароне бояд шомил шаванд, ки миқдори даромади моҳонаи онҳо кам ё баробар ба ҳади ақалли маош аст. 
Бо ин ҳама мушкилот шумораи гирандагони ҷубронпулӣ дар вилоят солҳои охир рӯй ба афзоиш дорад.
Ҳарчанд гирандагони ҷубронпулӣ барои истифодаи нерӯи барќ дар вилояти Суғд афзун мешаванд, аммо миқдори маблағгузорї  аз буҷети давлатї дар соли 2018  назар ба солҳои қаблӣ 55 фоиз кам гардид, ки инро  дар маълумоти пешниҳодкардаи ширкати “Барқи тоҷик” ва шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ки бо ҳам ихтилоф доранд, мушоҳида кардан мумкин аст.
Қудратулло Қурбонов мегӯяд шояд сабаби кам шудани маблағгузории воќеии буљетї ба сарфакории нерӯи барқ аз ҷониби мардум иртибот бигирад. “Аз тарафи дигар, ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки аз  аз љониби Комиссияњои шањрию ноњиявї ва бахшњои ҳифзи иҷтимоии шаҳру навоҳӣ, ки дархостро то панҷуми моҳи ҳисоботӣ пешниҳод намекунанд, харҷи барқи истифодашудаи аҳолии эҳтиёҷманди ҳамон ноҳия сариваќт рӯйпӯш карда намешавад” –зикр мекунад ӯ. 
Дар ҳамин ҳол, соли 2018 миқдори истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолии вилоят назар ба соли 2016 ҳамагӣ 20 фоиз кам гаштааст.
Аз 12 шаҳру навоҳии вилоят, ки ҷубронпулии барқ мегирифтанд, ноњияњои Зафаробод, Бӯстон, Шаҳристон ба низоми таљрибавии  кӯмакпулии унвонӣ гузаронида шуданд.

КАДОМЕ БЕҲТАР: КӮМАКПУЛИИ УНВОНӢ Ё ДОДАНИ ҶУБРОНПУЛӢ?

 Масъулони соҳа ба ин назаранд, ки раванди ҷамъоварии ҳуҷҷат дар низоми кӯмакпулии унвонӣ назар ба ҷубронпулӣ осонтар аст.  Зеро, ба гуфтаи онҳо,  дар низоми кӯмакпулии унвонӣ аз довталаб танҳо пур кардани шакли тайёри варақа талаб мешавад ва онро, ҳатто сокини деҳаи дурдаст, ба таври ройгон аз ҷамоати деҳа дастрас карда метавонад.
Пас саволе ба миён меояд: кадоме аз ин  низомҳо ба мушкили мардум осонӣ меорад?
Соли 2004 аз рӯи ҳисобҳои “Барқи тоҷик” ба як оила ё шахсони яккаву танҳои ниёзманд 12 сомонӣ ва ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 сомонӣ дар як моҳ ба сифати ҷубронпулӣ муқаррар мешуд. Ҳаҷми маблағи он аз буҷети ҷумҳуриявӣ баробари боло рафтани арзиши барқ ҳар сол афзоиш меёфт. Лимити қувваи барқи ройгон барои як оила ва шаҳрванди камбизоат 2400 кв/с дар як сол пешбинӣ шуда, ин аз рӯи арзиши қувваи барқ дар таърихи 1 ноябр, ки 0,1937 сомониро ташкил медиҳад, ба 464 сомониву 88 дирам баробар мебошад. Тањлили ќиёсии маблаѓњои пешнињодшуда дар як сол аз он шањодат медињад, ки барои оилањои камбизоат варианти амалкунандаи таъин ва пардохти љубронпулї барои истифодаи нерӯи барќ бењтар буда, он имкон медињад, ки дар њама њолатњо, њатто њангоми болоравии тарифњои нерӯи барќ оилањои камбизоат аз барќ мањрум нагардида, ќарздорї ба вуљуд намеояд.
Тибқи низоми кӯмакпулии иљтимоии унвонӣ бошад, маблағ ҳар семоҳа 100 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 400 сомонӣ дар як сол ба суратҳисоби оила ва шаҳрванди камбизоат гузаронида мешавад. Ин маблағро сардори оила ё шаҳрванд мувофиқи хоҳиши худ масраф менамоянд. Лекин ҳаҷми маблағ аз рӯи низоми мазкур, аз соли роҳандозии он то ба имрӯз, майли болоравӣ надошта, ба маќсад мувофиќ аст, ки оилањои камбизоати шаҳру навоҳии вилоят онро барои пардохти нерӯи барқ масраф намоянд. Дар акси њол, масъулини “Барќи Тољик” метавонанд барои насупоридани њаќки нерӯи барќ оилањои ниёзмандро аз он мањрум созанд.
Дар соли 2016 ба суратҳисоби шабакаи барқ барои пардохти нерӯи барқи аҳолии камбизоати шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Бӯстон, Шаҳристон  қариб 550 000 сомонӣ гузаронида шудааст. Дар соли равон танњо барои ноҳияи Зафаробод 604600 сомонӣ барои пардохти нерӯи барқ ҷудо шудааст.
Ҳарчанд сатҳи камбизоатӣ дар низоми кӯмакпулии иҷтимоӣ аз ҷониби барнома муайян карда шавад ҳам, имрӯз довталабоне ки комёб нагаштанд ба рӯзҳои қабули раисони шаҳру навоҳӣ мераванд. Ҳатто маъюбонро маҷбур намудааст, дар ҳолати аз ҷониби барнома ворид нашудан ба рӯйхат ҳатто бо асобағал ба ҳукумати шаҳр муроҷиат намоянд.
Яке аз ниёзмандон Роҳат Шарипова, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки мегӯяд:
-Шавҳарам маъюби гуруҳи якум ва ман маъюби гуруҳи дуввум ҳастам. Имсол хонаро бо маблағи закоти моли мардум таъмир кардем, вале метарсем, ки аз кӯмакпулӣ бебаҳра мемонем. Зеро чанд соле қабл воситаҳои техникии барои оилаи мо, ки туҳфа шуда буд, боиси монеа барои гирифтани кӯмакпулӣ гашт. Ҳар сол то ворид шудан ба рӯйхати гирандагони кӯмакпулӣ шавҳарам бо асобағал ба қабули раиси шаҳр меравад, то моро фаромӯш накунанд. Бадии ин низом дар он аст, ки сатҳи камбизотӣ дар он аксари маврид аз рӯи доштани воситаҳои техникӣ муайян мешавад.
Имрӯз воситаҳои техникии хоҷагидориро дар ҳар оила вохӯрдан мумкин аст ва барои осон намудани рӯзғор ҳар оила ҳатто бо воситаи қарз низ аз он харидорӣ менамояд.
Агар маҳз мавҷудияти воситаҳои техникӣ ҳам боиси фарогирии ками аҳолӣ ба ин низоми нав гардад, пас дар ин ҳолат масъулин кадом намуди низомро боз пешниҳод хоҳанд кард?
Бар ивази осон намудани механизми ҳуҷҷатгузорӣ дар низоми ҷубронпулии барқ табдил додани он ба кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки агрегати якуми НБО Роғун ба кор даромад ва эҳтимол дорад бо фаъол шудани ҳамаи агрегатҳо Тоҷикистон дар оянда маҳз аҳолии ниёзмандро ба мисли давлати Чили ва Қатар бо барқи ройгон таъмин намояд. Вале коршиносон мегӯянд, ин ба  кишвар дар ҳоле даст медиҳад, ки агар маҳсулоти истеҳсолшуда танҳо барои қонеъ намудани талаботи бозори дохила масраф гардад.

Зебоҷон Қурбонова


Комментариев нет:

Отправить комментарий