“Ба мо маъмулан мегӯянд, ки ҳақталошӣ накунед, мураббиёнро ҳавасманд намоед. Ба онҳо сухани хуш бигӯед, вагарна кӯдакатон берун аз таваҷҷӯҳ мемонад, зеро аз буҷа маблағи иловагӣ ҷудо намешавад”,-мегӯяд, Сайёра (ном иваз карда шудааст), сокини шаҳри Истаравшан, ки кӯдаки имконияташ маҳдуд дорад. Ба гуфтаи вай, мушкилоти волидон бо ворид кардани чунин кӯдакон ба кӯдакистон анҷом наёфта, балки идома мекунад.
Бино ба иттилои Дилрабо Сатторова,
сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд, имрӯз дар самти ҷалби кӯдакони
имконияташон маҳдуд мушкиле вуҷуд надорад, зеро тамоми кӯдакистонҳо барои
қабули чунин кӯдакон омода ҳастанд. Танҳо волидонро зарур аст, ҳуҷчатҳои лозима,
аз ҷумла маълумот аз ҷойи истиқомат, шаҳодатномаи таваллуд ва натиҷаи ташхиси
тиббӣ-педагогиро ба шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ пешниҳод намоянд.
Тибқи
маълумоти мушовирони таҳсилоти томактабии шаҳру навоҳии вилоят, ин
нишондиҳанда ба санаи 1 январи соли 2021 дар аксари минтақаҳо майл ба болоравӣ
дорад, аммо шумора дар муқоиса бо солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст:
Чаро нишондиҳанда
поён рафт?
Мушовири таҳсилоти
томактабии шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров –Саёҳат Саидахмедова
сабаби коҳиш ёфтани шумораи кӯдакони имконияташон
маҳдудро давоми 3
соли охир ба пандемия рабт медиҳад. Инчунин ба
синни мактабӣ расидан ва фавти чунин кӯдакон дар Конибодому Деваштич сабаби дигари
коҳиши нишондиҳанда дар минтақаҳо гуфта мешавад.
Кам будани шумораи кӯдакистон ва дур
будани ҷойи зисти кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Куҳистони Мастчоҳ бошад, боиси
берун аз таҳсилоти томактабӣ мондани онҳо шудааст. Имрӯз ноҳия танҳо дар
ҷамоатҳои Оббурдон ва Пастиғав ду кӯдакистон дорад. Масофаи роҳ то деҳаҳои
дигар аз 6 то 20 километрро ташкил медиҳад. Чунин мушкилот дар ҷамоатҳои
дурдасти ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла Урметан низ ба назар мерасад.
Дар ноҳияи Шаҳристон ҳамагӣ як
кӯдакистон фаъол аст. Ҳамасола ба шӯъбаи маориф барои қабули кӯдакони
имконияташон маҳдуд аз 260 то 270 муроҷиат ворид мешавад, ки танҳо 60-тои онро
қонеъ карда метавонанду халос. Кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҳоле ба боғча
қабул карда мешавад, ки агар модари онҳо коргар бошад.
Дар Зафаробод ва Истиқлол ба мо гуфтанд, то имрӯз дар мавриди қабули кӯдакони
имконияташон маҳдуд ба боғча ягон муроҷиат нагирифтаанд. Аммо дар ноҳияи Ашт
волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд борҳо ҷиҳати таъсиси гурӯҳҳои махсус дар
боғчаҳо барои фарзандонашон муроҷиат кардаву посухи рад гирифтаанд.
Аз
буҷа маблағ ҷудо намешавад...
Таълим дар боғча барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар гурӯҳҳои муқаррарӣ
ҷараён гирифта, дарс тибқи барномаи ҷорӣ сурат мегирад. Дар ноҳияи Бобоҷон
Ғафуров бошад, дарс аз ҷониби мутахассисон бо назардошти бемории кӯдак дар як
ҳафта ду соат баргузор мешавад. Ноҳия дар вилоят ягона минтақае аст, ки барои
мураббиёне, ки ба таълими кӯдакони ранҷур машғул хастанд, ҳавасмандӣ муайян
намудааст. Лекин ин маблағи ҳавасмандӣ на аз буҷаи маҳаллӣ, балки аз даромадҳои
худии боғча пардохта мешавад. Барои мисол, дар боғчаи №14, ба мураббӣ
ҳавасмандӣ дар ҳаҷми 350 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст. Дар боғчаи №9
бошад, 0,5 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷаи худи кӯдакистон ҷудо гардидааст. Дар
кӯдакистонҳои дигари вилоят барои кор бо чунин кӯдакон ба мураббия иловапулӣ дода
намешавад.
“Ба
ман барои ин кӯдак пули иловагӣ намедиҳанд”
Самандар ду кӯдаки имконияташ маҳдуд дорад. Вай ду маротиба кӯдаки
хурдиашро ба боғча бурда, дар ҳарду ҳолат машғулияти хонагиро барои фарзандаш
беҳтар донистааст:
-Ман мефаҳмам, ки барои
кӯдаки бемор таваҷҷӯҳи махсус лозим аст. Таълим дар боғча барои онҳо дар доираи
барномаҳои махсусгардонида бояд доир гардад. Аммо дар кӯдакистонҳои мо чунин
нест. Дар як гурӯҳ то 15-20 кӯдак ҷалб шудааст ва мураббӣ бо кӯдаки солим корро
пеш мебарад. Ман чанд маротиба хоҳиш кардам, то фарзанди маро низ ба чорабиниҳо
ҳамроҳ намоянд, вале дар ҷавоб гуфтанд, ки “кор бо кӯдакатон вақти бисёр мехоҳад, бар
ивази ин ман як гурӯҳро омода мекунам. Бар замми ин, ба ман барои ин кӯдак пули
иловагӣ намедиҳанд”.
Муҳайё Сабурова, мураббии бахши тавонбахшии барои кӯдакони
имконияшон маҳдуд дар назди маркази минтақавии
хизматрасонии иҷтимоӣ ба номи Эмомназар Худойназарови шаҳри Истаравшан мегӯяд, то ҳол бархе аз
мудирони боғчаҳо аз қабули кӯдакони
имконияташон маҳдуд саркашӣ мекунанд:
-Маркази мо одатан баъди
муолиҷаи кӯдаки бемор, вобаста ба имконияташ барои қабул ба боғчаҳо тавсиянома
медиҳад. Ҳолатҳое буданд, ки мудирони боғчаҳо кӯдаконро қабул кардан
намехостанд, вале мо аз онҳо талаб мекардем то ба таври хаттӣ сабаби рад
карданашонро изҳор доранд. Танҳо дар чунин ҳолат онҳо кӯдаконро қабул
мекарданд.
Сабаби дигари кам ба боғча
роҳ ёфтани кӯдакони имконияташон
маҳдудро
Мухбира Ҳоҷиматова, сокини шахри Бӯстон дар эътирози модарони кӯдаки солим
маънидод мекунад:
-Мураббияҳои боғчаҳо мегӯянд, модарони кӯдакони солим
намехоҳанд, то фарзандашон ҳамроҳи кӯдакони имконияташон маҳдуд дар як гурӯҳ
бошанд. Ҳатто дар боғчаи мо, мудир барои сухан ва рафтори ноҷои як модар
ҳуҷҷати кӯдаки солимро ба дасташ супорида,
аз гурӯҳ ронда буданд.
Мухбира иброз медорад, маҳз таълим дар боғча сабаб шуд, ки кӯдакаш сухандон гардад,
мустақилона хӯрок хӯрад, дӯстони зиёд пайдо намояд. Ӯ бовар дорад, ки таълим ва
нигоҳи нек нисбат ба чунин кӯдакон аз
боғча оғоз мешавад.
Чӣ
бояд кард?
Сабоҳат Ҳакимзода, роҳбари ташкилоти чамъияти “Ассотсиатсияи
волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” мегӯяд, мушкилоти ҷалби чунин кӯдакон ба боғча пеш аз ҳама, дар
оила маҳфуз аст:
-Ягон мудир, мураббия дар кӯдакистон
ҳуқук надорад аз қабули кӯдаки имконияташ махдуд саркашӣ кунад, зеро ин амал
боиси поймол гардидани қонунҳои ҷории кишвар мегардад. Мушкили асосӣ худи волидон ҳастанд, ки фарзандашонро ба боғча додан
намехоҳанд. Фикр мекунанд нисбат ба ӯ муносибати бад раво дида мешавад. Ҳарчанд
сол то сол шумораи кӯдакистонҳое, ки қабули чунин кӯдаконро рад мекунанд, коҳиш меёбад, аммо дар самти кор бо чунин
кӯдакон то ҳол мутахассис намерасад ва барномаи махсус дар ин раванд вуҷуд
надорад.
Ҳангоми қабули кӯдакони
бемор маъмурияти кӯдакистон бояд аз вазъият ва ташхиси кӯдак огоҳ бошад ва дар
ҳамҷоя бо волидон ва наздикони онҳо нақшаи инфиродӣ тартиб диҳанд. Кӯдакро
набояд бо мураббӣ танҳо гузошт. Дар кӯдакистон мутахассисе бояд бошад, ки вақти бо кӯдакони солим кор кардани мураббӣ ба кӯдаки имконияташ маҳдуд
барои дарки мавзӯъ кӯмак намояд. Таълими чунин кӯдакон бояд зери назорати
мутахассисон сурат бигирад. Яъне, дар боғча як воҳиди алоҳидаи корӣ барои
мутахассисе, ки бо кӯдакони имконияташон маҳдуд кор мекунад бояд ташкил
карда шавад. Волидон ё наздикони онҳо бояд дар ин ҷода кӯдакро роҳбаладӣ
намоянд. Агар кӯдак бемории вазнин дорад, барои то бегоҳ нигоҳ доштани ӯ дар
боғча ҳоҷат нест. Асосаш кӯдак дар байни ҳамсолонаш ва ба ҷамъият ворид
бошад.
Сабоҳат Ҳакимзода қайд
мекунад, ҳар кӯдак новобаста аз вазъи саломатиаш ва имконияташ бояд аз рӯзи
таваллуд ҳамроҳ бо
кӯдакони солим ба воя бирасад ва касе ҳак надорад, ӯро аз ин ҳуқуқ маҳрум
намояд. Ва ҳар нафаре ки ба чунин амал даст зад, набояд беҷазо монад.
Зебоҷон Қурбонова
Робия Розиқова
Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома»
дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”,
бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир
(FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон
омода шудааст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий