Мувофиқи маълумоти Раёсати тандурустии вилоят, имрӯз дар Суғд 7853 нафар ҳамчун кӯдакони имконияташон маҳдуд (минбаъд КИМ) ба қайд гирифта шудаанд, ки ин теъдод нисбат ба соли 2018 2,9 дарсад зиёд аст. Вале аз ин шумора, на ҳамаи кӯдакон ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ пайдо намудаанд. Бино ба маълумоти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд соли 2020 танҳо 96,8 фоизи онҳо бо нафақа таъмин гаштаанд.
Дар кишвар ба кӯдакони синни то 2-сола маъюбӣ
дода намешавад. Ин гуна кӯдакон ба барномаи дахолати барвақтӣ ҳамроҳ карда
шуда, танҳо аз синни 3-солагӣ дар ҳолати тасдиқ шудани маъюбият аз ҷониби
комиссияи тиббӣ-ташхисӣ ба нафақаи иҷтимоӣ дастёб мегарданд. Тибқи қонунҳои
мавҷуда, дар кишвар ба шахси то синни 18-сола категорияи танҳо «кӯдаки маъюб»
муқаррар мегардад.
Соли равон дар вилояти Суғд
2,8 фоизи қисми хароҷоти буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоиро, ки ба нафақа ва
ҷубронпулиҳо равона шудааст, маҳз нафақаи кӯдакони имконияташон маҳдуди синни
то 18-сола ташкил дод.
Андозаи миёнаи нафақаи чунин кӯдакон дар семоҳаи саввуми
соли 2020 243 сомониву 82 дирам буда, нисбат ба соли 2018, 4, 4 фоиз, ё худ 10
сомониву 73 дирам боло рафт.
Гулчехра Қодирова, сармутахасси шуъбаи
мониторинг ва тахҳили омори суғуртавии Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва
нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд:
-Солҳои қаблӣ нафақа ба кӯдакони имконияташон
маҳдуд аз рӯйи ҳадди ақали маош муайян мегардид. Аз 1 сентябри соли 2018 то ин
ҷониб, аз рӯйи нафақаи заминавӣ муқаррар мешавад, ки 180 сомониро ташкил медод.
Оғоз аз 1 сентябри соли 2020 он ба 207 сомонӣ баробар аст. Минбаъд кӯдаконе, ки
баъди 1 сентябри соли 2020 ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ пайдо мекунанд, аз рӯйи
нафақаи заминавӣ ва иловапулӣ 50 фоиз аз ҳисоби он 310 сомониву 50 дирам нафақа хоҳанд гирифт.
Новобаста ба боло рафтани ҳаҷми нафақаи
иҷтимоӣ аксари волидон ва парасторони кӯдакони имконияташон маҳдуд дар як пурсиши
ихтисосӣ ба мо гуфтанд, ки нафақа эҳтиёҷоти кӯдаки беморро бе ин ҳам қаноатманд
намекунад.
Дар пурсиши ихтисосӣ 324 нафар (10 фоизи
шумораи умумӣ) волидон ва парасторони кӯдакони гирифторони бемории асаб, гушу
гулуву бинӣ ва чашм аз 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат намуданд. Аз рӯйи натиҷаи
пурсиш миқдори хароҷоти оила барои як нафар кӯдаки дорои синни мактабӣ (аз 7 то
17 сола) аз рӯйи беморӣ ва танҳо ду намуди хароҷот: хизматрасонии тиббӣ ва
таҳсил барои як моҳ муайян карда шуд.
Хулоса, андозаи миёнаи нафақа хароҷоти таҳсил
ва табобати кӯдакони имконияташон маҳдуди дорои бемории чашмро 20,1%, бемориҳои
гушу гулуву биниро 44% ва бемориҳои асабро 32,8 фоиз рӯйпуш мекунаду халос. Ин
хароҷоти кӯдакони имконияташон маҳдуд барои як моҳ аст, ки ҳолати сабуки беморӣ
доранд. Мутаассифона, дар ҷодаи ҷавоб ба саволҳо оид ба хароҷотҳои дигар волидон душворӣ кашиданд.
Танҳо зикр намуданд, ки ҳамин ду самт барои онҳо асосӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо
мегӯянд, ки кӯдакро на ба хотири имрӯз, балки бо умеди оянда ба нафақа
баровардаанд, то дар ҳолати наёфтани кор маблағе барои харидани ноне дар даст
дошта бошанд. Волидон бовар доранд, ки то солҳои оянда маблағи нафақа боло
меравад ва фарзандашон новобаста ба имконияти маҳдуд метавонад зиндагонии
сазовор дошта бошад.
Зебоҷон Қурбонова
Робия Розиқова
Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома»
дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”,
бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир
(FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон
омода шудааст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий