-Айб надонед, музди маошам яхдонамро пур
намекунад,-мегӯяд амаки Љамшед (номи мустаор), ки навбатдори роҳ мебошад. Ӯ дар
шаҳри Душанбе бо шаш нафар фарзандаш зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, ки агар ҳар
маҳсулоти дилхостаи фарзандонашро бигирад, музди меҳнаташ ҳатто барои се ҳафта кифоя намекунад. Аз ин
лиҳоз, аз харидани маҳсулоти серғизо даст мекашад ва фарзандонаш бо либоси бародар ва хоҳари калониашон ба воя мерасанд.
Бино ба нақли ӯ, ҳатто 20 фоиз боло рафтани маош барои
рӯйпӯш намудани хароҷоти рӯзгораш басандагӣ намекунад. Дар як моҳ 700 сомонӣ
маош гирифта, ба 400 сомонӣ маҳсулоти озуқаворӣ мехарад. Боқимондаашро барои
харидани асбобу либосвории фарзандонаш масраф мекунад. Бар замми ин, маблағи
хизматрасонии коммуналиро низ бояд пардохт намояд. Мегӯяд:
-Агар 50 сомонӣ шудааст, 20 сомонӣ дода, хоҳиш мекунем, бақияи қарзро моҳи дигар супорем.
Маош
дар Тоҷикистон чӣ қадар аст? Ба ин савол посухи дақиқ вуҷуд надорад, зеро миқдори
музди меҳнат нисбат ба шаҳру навоҳӣ, маълумотнокӣ, тахассусият, вақти корӣ ва
муассиса муайян мешавад. Аз моҳи июни соли ҷорӣ дар кишвар ҳадди ақали музди
маош аз 250 то ба 400 сомонӣ баробар шуда, бо назардошти ҳаҷм Тоҷикистон байни
кишварҳои Осиёи Миёна ҷои саввумро баъди Туркманистону Қазоқистон ишғол
мекунад.
Ҳарчанд Қирғизистон дар зинаи охир қарор дорад, вале
музди миёнаи маош дар кишвари ҳамсоя 20825 сум (280 доллари амрикоӣ) буда, як баробари
Тоҷикистон зиёд мебошад. Соле қабл, тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон ҳадди миёнаи музди меҳнат 920
сомонӣ (117 доллари амрикоӣ)-ро ташкил медод.
Аз соли 2013 то 2016 миқдори музди миёнаи меҳнат 246,5
ва ҳадди ақали маош 150 сомонӣ афзудааст.
Ҳарчанд дар соли ҷорӣ ҳаҷми миёнаи маош 20% боло рафт,
коршиносон мегӯянд, ки ин миқдорро аксар намояндагони мақомоти давлатӣ, ки 8 фоизи
аҳолиро ташкил медиҳанд, дастрас мекунанд.
14 000 наврасон ба ташкилоти ғайридавлатии хайриявии
"Good neighbors" дар Точикистон барои кӯмаки
моддию молиявӣ муроҷиат кардаанд. Онҳо аз оилаҳои камбизоат буда, аксари
волидон ба сифати роҳрӯб, фаррош, муаллим, посбон фаъолият менамоянд. Рухшона Рамазонова, намояндаи ташкилоти мазкур
мегӯяд, ки агар наврасон солҳои қабл, барои дастрас намудани лавозимоти хониш
ёрӣ мепурсиданд, имрӯз эҳтиёҷи бештар ба маҳсулоти озуқаворӣ ба миён омадааст:
- То ба имрӯз, 14 ҳазор наврасон ба ҳисоби миёна аз
8000 оилаҳо дар қайди ташкилот қарор
доранд. Наврасоне ҳастанд, ки дар оила
ҳарду волидон ё яке аз онҳо ҳузур доранд, кор мекунанд, аммо маоши онҳо барои таҳсил ва ғизои босифати кӯдак
намерасад. Волидон дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла муаллим, фаррош, роҳрӯб
ва амсоли инҳоанд.
Солҳои пешин, кӯдакон хохиш мекарданд, ки барои
харидани китобҳо ва лавозимоти мактабӣ кӯмак намоем. Имрӯз барои махсулоти
озуқаворӣ ва пӯшока дасти ёрӣ мепурсанд.
Мувофиқи нархҳои воқеии бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри
Душанбе арзиши маҳсулоти аввалияи озуқаворӣ ба ҳисоби миёна чунин мебошад:
Ҷамъ: 494 сомон
Ин нарх барои як узви оила ба назар гирифта шудааст,
ҳангоме ки оилаҳои тоҷик ба ҳисоби миёна панҷ нафар ҳастанд. Аз ин ҷо, тибқи
меъёри калорӣ барои маҳсулоти озуқаворӣ ҳар як оила зиёда аз 2000 сомон дар як
моҳ бояд масраф кунад. Ин дарҳоле, ки таркиби сабади истеъмолӣ натанҳо аз
маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, балки ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ низ иборат аст.
Ба маҳсулоти ғайриғизоӣ либосворӣ, аз қабили шим, курта, каллапӯш, пойафзол,
либоси таг, рӯйпӯшу хоб, дорувору дохил мешавад. Нархи маҳсулоти либосворӣ
–палтову пойафзол дар бозор аз хадди 100
доллари амрикоӣ мегузарад ва боиси нигаронӣ аст.
Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, барқ, воситаи
нақлиёт, алоқа низ истисно нест.
-30 фоизи маошам маҳз барои пардохти хизматрасонии
коммуналӣ, алока, барқ сарф мешавад, -иброз медорад Замир Давлатов аз шаҳри
Хуҷанд.
Ӯ омӯзгори фанни биология дар МТМУ№30-и шаҳр буда, дар як
вақт ба сифати масъули чоп дар Иттиҳодияи эҷодии "Нилуфар" дар
вилояти Суғд фаъолият мебарад. Дар маҷмӯъ, аз ҳарду муассиса 1100 сомонӣ маош
ба даст мегирад.
-Имрӯз оиларо бо як ҷои корӣ таъмин кардан номумкин аст.
Аз ин лиҳоз, зарур шуморидам дар мактаб ҳам таълим диҳам. Дар оила се нафарем
ман бо ҳамсару писарчаам зиндагонӣ дорем. Бо назардошти андоз, 1300 сомонӣ маош
аз ҳарду ҷои корӣ ҷудо мешавад. Онро асосан ба харидани маҳсулоти озуқаворӣ ва пардохти
хизмати коммуналӣ масраф менамудам. Имсол бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ ҳамсарамро
аз корхонааш ихтисор карданд. Акнун барои харидани асбобу лавозимоти хониши
фарзандам даромади иловагӣ бояд дарёфт кард.
Ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии "Хома" дар
шаҳри Душанбе Заррина Имомова дар муқоиса бо Замир Давлатов ҳоҷат ба ду ҷои
корӣ надорад. Ӯ мегӯяд, ки музди маошаш хароҷоти моҳонаашро пурра рӯйпӯш
мекунад:
-Даромади моҳонаи ман зиёда аз 3000 сомониро ташкил
медиҳад. Албатта басандагӣ мекунад, чун ман дар алоҳидагӣ зиндагонӣ дорам. Маош
яхдони маро пур мекунад. Имкони тамоми хизматрасониҳоро пардохт ва ҳатто
пасандоз карданро дорам. Инҳаҷм дар шароити Тоҷикистон барои як нафар шояд басанда
бошад.
Тибқи назарсанҷии хабаргузории Тоҷнюс ба суоли “Оё бӯҳрони иқтисодӣ ба шумо таъсир расонд?” аз 851 нафар танҳо 4 фоиз ба мисли Заррина аз бӯхрон эмин мондаанд:
-Бӯҳрон ба иқтисодиёти кишвар, аз он ҷумла ба кисаи мардум таъсири ҷиддӣ расонид,-мегӯяд иқтисодшинос Абдураҳмон Наҷмиддинов.
-Бӯҳрон ба иқтисодиёти кишвар, аз он ҷумла ба кисаи мардум таъсири ҷиддӣ расонид,-мегӯяд иқтисодшинос Абдураҳмон Наҷмиддинов.
-Коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ, паст рафтани гардиши
савдои хориҷӣ, кам гардидани талабот ба молҳои содиротии Тоҷикистон, тағйирёбии
нархи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ бетаъсир намонд. Буҷаи
кишвар дар соли 2015 бо мушкилӣ таъмин карда шуд. Ҳатто баъзе нишондодҳо,
масалан, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи то 85% таъмин шуд, ки ин
таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ буд. Имрӯз музди ҳадди ақали маош 400 сомонӣ
аст. Пагоҳ ин метавонад зиёд бошад. Ин ба имкониятҳои молӣ ва потенсиали
иқтисодии кишвар вобаста аст. Музди меҳнате, ки дар Тоҷикистон муқаррар
шудааст, албатта ночиз аст ва наметавонад тамоми талаботи моро таъмин кунад.
Дигар давлатҳо ду маротиба ва афзунтар аз ин пардохт мекунанд. Албатта
самаранокии меҳнат дар ҳамон корхона аст, ки мутахассисони хуб дорад ва яке аз
роҳхои ҳавасмандкунӣ ин музди маош мебошад. Мо бояд натиҷаи кори ҳар як
кормандро таҳлил карда, вобаста ба он дараҷаи музди меҳнатро муайян кунем. Бо
ин роҳ, метавон рушди корхона ва ҳам иктисодиёти кишварро таъмин намуд.
Бешубҳа, ҳар нафар меҳоҳад бар ивази меҳнаташ маоши сазовор бигирад. Қонунҳои
мавҷудаи кишвар низ ин талаботро кафолат медиҳанд Аз ҷумла, дар Сарқонуни ҷумҳурии Точикистон, боби 1, моддаи 1 қисми 2 гуфта шудааст:
Тоҷикистон
давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи
озодонаро фароҳам меорад
Албатта,
мо санадҳои ҳуқуқии ботафсиру пурмӯҳтаво дорем, вале
саволе ба миён меояд: "Оё ин қонунҳо ба дарди ҷомеа "марҳам"
мешаванд ва имрӯз шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бо музди маош
шароити зиндагии арзанда дошта бошад?". Баҳри посух ба ин савол аз даромади моҳонаи умумии
оила хароҷотро тарҳ кунед ва ба ин васила, муайян намояд, ки зиндагӣ дар
Тоҷикистон чӣ қадар арзиш дорад?
Боқӣ ба қазовати хонанда аст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий