среда, 25 мая 2016 г.

"ДОРУ"-И ЗИДДИДОТАТСИОНИИ ДЕВАШТИЧ КАДОМ АСТ?

Солҳои охир гузоштани исми шахс ба истгоҳҳои ҷамъиятии ноҳияи Деваштич (пештара Ғончӣ) муд шудааст. Ба мисли истгоҳи Ҳоҷӣ Исҳоқ  бобои Аюб, бобои Собирчон, бобои Мирашур, бобои Қосим, Раҷабов Даврон ва ғайра, ки сохтмони бархе аз он бо ташаббуси аъзои оилаи муҳоҷирон, аз ҳисоби маблағи  фаъолият дар Русия сурат гирифтааст.

-Як оилаи ман не, балки аксари даромади хонаводаи деҳаамон аз хисоби маблағи муҳоҷирати меҳнатӣ аст,-мегӯяд Хакимбой Фозилов, сокини ҷамоати деҳоти Далёни Боло.-Додарам Қосимбой солҳои тӯлонӣ дар Русия кор мекунад. Бар ивази азобу машаққаташ дар мусофират маслиҳат кардем, ки як истгоҳ сохта ба номаш гузорем. Мавриди истифода умум низ қарор додем, алҳол дар андешаи онем, ки ба номи падарам гузорем.

Мувофиқи манбаъҳои ғайрирасмӣ имрӯз 65 фоизи аҳолии ноҳияи Деваштич дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Воқеан ҳам, сарчашмаи асосии даромади аҳолии ноҳияи Деваштичро маблағи муҳоҷирон ташкил медиҳад. Ҳанӯз дар соли 2010 ба ноҳия аз ҷайби муҳоҷирон то 13 миллион доллари амрикоӣ ворид гардида буд, ки ба ҳар як сари сокини маҳал мутаносибан 88,8 доллари амрикоӣ рост меояд. Зеро маҳз дар ҳамон сол шумораи муҳоҷирон назар ба соле пеш 46 фоиз афзуда буд.

Дар ноҳия 88 фоизи аҳолии қобили меҳнат танҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ фаъолият дорад.

Зимнан, қисми зиёди даромади буҷети ноҳияи Деваштичро ҳам асосан андоз аз соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Новобаста ба ин, ноҳия бо мусоидати молиявӣ аз буҷаи вилоят 63 фоизи хароҷоти буҷети худро рӯйпӯш мекунад.

Ноҳияи Деваштич аз соли таъсисёбиаш 1959, дар қатори АштуШаҳристон ва Истиқлолу Кӯҳистони Мастчоҳ ба рӯйхати навоҳии дотатсионии вилояти Суғд қарор дорад. 89, 7 фоизи хароҷоти умумии буҷети ноҳия ба соҳаҳои иҷтимоӣ: маориф, тандурустӣ ва нафақа масраф мегардад, ки танњо 6,3 фоизи шумораи умумии аҳолии  ба иќтисодиёт машѓул бударо ташкил медињад. Пас саволе ба миён меояд, ки кай нохияи Деваштич боқимонда 93,7 фоизро метавонад аз ҳисоби буҷаи худ таъмин намояд?

-Ягона роҳ имтиёз додан ба корхонаҳои хурду миёна аст, то мардум бо ҷои кор таъмин бошад,-мегӯяд шореҳи масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён. Дуюм, даст кашидан аз хароҷоти дуввумдараҷа аст, зеро ба ҳамин васила, пул захира мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани имтиёз,  корхонаҳое, ки бисёр андоз месупоранд, имкон доранд, рушд кунанд. Мо инфрасохтори хуб надорем, наметавонем захираҳои худро бифурӯшем, зеро аз лиҳози молӣ заиф ҳастем. 40 фоизи бозори дохилии Бритониё ва Амрико аз Чин аст, ҳеҷ амрикоӣ намурдааст. Мо бояд натарсем, дар минтақае, дотатсия ҳастанд сармоядорони хориҷиро ҷалб кунем. Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой аст, аммо дар ин ҷода  мутахассиси хуб ҳам надорем.

Аммо корхонаҳои саноатии ноҳияи Деваштич бино бо сабаби мавсимӣ ва паст будани ҳаҷми маош мутахассисони  худро аз даст додаанд. Дар ноҳия хамагӣ 5 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз ҷумла Корхонаи истеҳсоли хишти ҶММ "Ҳаҷмис" ва бахши "Заводи консервабарорӣ" мавсимӣ мебошанд. Маҳдудияти нерӯи барқ, гарон будани нархи сӯзишворӣ, сар задани бӯҳрони иқтисодӣ ва набудани шароити корӣ боиси дар шакли пурра истифода накардани иқтидори корхонаҳои саноатӣ гаштааст.



Ба саволи "таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон дар раҳоӣ аз ҳолати субвесионӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ чӣ гуна аст?",- Зулфиқори Исмоилиён чунин илова кард:


-Аслан, минтақаҳои дотатсионӣ ин як фаҳмиши иқтисодиёти замони Шӯравӣ аст. Кишвари Советӣ бо роҳи истеҳсолоту истихроҷ 140 миллион аҳолиро таъмин мекард. Давроне буд, ки ҳамаро бо як чашм дида, пул медоданд. Вале ин давлати бузург пош хӯрд.


Имрӯз минтақаи субвенсионӣ дар Русия ҳам ҳаст. Шарқи дур- Сибир махали дотатсионӣ буд. Русия баҳри раҳоии ин маҳал силсилачорабиниҳоро ба роҳ монд. Тавассути ширкати Юган нефтюганск тавонист Сибирро аз ин ҳолат раҳоӣ бахшад. инчунин Русия ба кишварҳои хориҷа маҳсулоти чӯбӣ ворид мекунад. Мо бошем, алюминий, зардолуву меваи хушк нахи пахта мефурӯшем. Роҳҳои баромадан аз ин ҳолат ҳаст, аммо ҳама чиз меояд сари як нуқта-пул ҷамъ мешавад.


-Агар пул бошад, метавон захираҳои бойи табии ноҳияро истифода карда, аз ҳолати дотатсионӣ раҳоӣ бахшид,-мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Ғончӣ" Усмон Икромов. –Дар ҳолати коркард ва истихроҷи симобу сурма, сохтмони коргоҳи хурди семенбарорӣ, пурқувват кардани иқтидори корхонаҳои хищтбарорӣ ва вусъат бахшидани соҳаи кишоварзӣ метавонад буҷаи махалро ғанӣ гардонд.


-Вале тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ соҳаи кишоварзӣ аз ҳама ҷои охирро аз рӯи даромаднокӣ ишғол мекунад,-мегӯяд Абдуқаҳҳор Бӯриев, номзади илмҳои дақиқ, ки зодаи ноҳияи мазкур аст, вале соле чанд дар шаҳри Хуҷанд иқомат дорад:

-Аз ноҳия ягон фоидае барои буҷаи давлат нест. Ноҳия  инфрасохтори зиёдатӣ аст. Шояд ноҳияи куҳан гуфта онро нигоҳ медоранд. Лекин дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ ин ба мо ягон фоидае намедиҳад. Мо бояд вобаста ба шароит рафтор ва худро ба он мутобиқ гардонем. Мисол, ноҳия бо шаҳри Истаравшану навоҳии Шаҳристону Спитамен ҳамшафат аст. Агар қисми болои Деваштичро ба Истаравшан ва қисми поёни онро ба Спитамен ҳамроҳ намоем бурд мекунем. Бе ин ҳам, ҳама ҷо, як кишвар бо ном Тоҷикистон аст.

Ноҳияи Деваштич то соли 1939 дар ҳудуди маъмурии шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) қарор дошта, баъдан номи Далён, Калинобод, Шаҳристон ва танҳо соли 1959 ҳамчун ноҳияи алоҳида бо номи Ғончӣ арзи вуҷуд кардааст. Аз соли 2016 номи ноҳия ба Деваштич иваз  шудааст.

Бино ба гуфти Абдуқаҳҳор Бӯриев, мақомдорон баҳри ба  ду қисмат ҷудо кардани ноҳия ризо нестанд ва қабули барномаи рушди ноҳияро барои ҳар панҷсола идома медиҳанд. Дар панҷсолаи охир бошад, ҳаҷми субвенсия коҳиш наёфта, балки 20,3 боло рафтааст.

Дар моҳи апрел бошад, дар ҷаласаи шашуми вакилони халқи ноҳия барномаи рушди иқтисоди ноҳия барои солҳои 2016-2020 қабул гардид. То кадом андоза он метавонад ноҳияи Деваштичро аз эҳтиёҷи молӣ берун меорад, танҳо вақт ба ин довар аст. 



Комментариев нет:

Отправить комментарий