суббота, 16 сентября 2017 г.

Суғуртаи тиббӣ: ҳушёр бош!

Баробари афзудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бозори полисҳои суғуртавӣ дар кишвар рӯ ба рушд доранд. Ин дар ҳолест, ки бархе муҳоҷирони тоҷик аз фаъолияти ширкатҳои суғуртавии ватанӣ изҳори норизой карда, мегӯянд, суғуртаи тиббиро муассисаҳои тиббии Русия ба эътибор нагирифта аз онҳо маблағи нақдӣ талаб намудаанд.

Ҳанӯз аз соли 2015 корфармоёни рус муҳоҷирони меҳнатиро танҳо дар ҳолати доштани полиси суғуртаи тиббӣ ба кор қабул мекунанд. Инчунин корфармо ҳуқуқ дорад, коргарро дар ҳолати ба итмом расидани мӯҳлати полиси суғуртаи тиббиаш аз кор хориҷ кунад, аммо ӯҳдадор мешавад, ки кӯмаки моддӣ дар ҳаҷми миёнаи маоши дуҳафтаина пардохт кунад.
Полиси суғуртаи тиббӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав 5400 рубли русӣ нарх дорад. Аз рӯи маълумоти рӯзномаи "Известия" бар ивази он муҳоҷирон метавонанд ба қабули табибони ҷарроҳ, кардиолог, гастроэнтеролог, сироятшинос, осебшинос, уролог, отоларинголог, офталмолог, асабшинос, дандонпизишк, гинеколог ба марказҳои саломатй раванд, ташхиси рентгенй, ултрасадой, набзи дил, хун намоянд ва дар ҳолати дарди шадиди дандон ба дандонпизишк муроҷиат кунанд. Ба ғайр аз ин, ширкати суғуртавӣ хизматрасонии ёрии таъҷилй ва кӯмак дар ҳолатҳои фавқулоддаро пардохт мекунад. Муҳоҷирон ба воситаи полиси суғурта ба ҳамаи марказҳои саломатии шаҳр метавонанд арз намоянд, зеро айни замон марказҳои мазкур, муҳоҷирони меҳнатиро қабул намекунанд. Онҳо танҳо метавонистанд ёрии таъҷилиро даъват карда, қӯмаки аввалияи тиббиро дар статсионарҳо гиранд.
Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфт, ки агар дар солҳои қаблй полиси суғуртаи тиббй танҳо дар асоси дархости шаҳрванд дода мешуд, акнун дар соли ҷорй гирифтани он барои муҳоҷирони тоҷик ҳатмй мегардад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз хизматрасонии ширкатҳои суғуртавии кишвар низ истифода кунанд
Дар соли қаблй 98 фоизи мизоҷони филиали ташкилоти суғуртавии "Меҳнат"-ро дар вилояти Суғд муҳоҷирони меҳнатй ташкил доданд. Ташкилоти мазкур, изҳор медорад, ки соли гузашта ширкат дар ҳамкорй бо ширкати суғуртавии русиягии "Класс асиссент" ба 38 нафар муҳоҷири тоҷик кӯмак намудааст. Ҳамагӣ муроҷиати 42 нафар ба ширкат ворид гардида, дар асоси хулосаи комиссия ҳолати 4 нафар ба ҳолатҳои суғуртавӣ шомил нашудаанд.
 Полиси суғуртавии Корхонаи воҳидии давлатии "Тоҷиксуғурта", ки аз тарафи хадамоти ҶСКС "Всероссийская страховая компания" (дар Федератсияи Русия) хизмат расонида мешавад, ба шахси суғурташуда дастгирии иттилоотии шабонарӯзиро дар хориҷа таъмин намуда, ташкили ёрии тиббиро дар асоси шартҳое, ки дар замимаи полиси суғуртавӣ дарҷ гардидаанд, кафолат медиҳад.
-Шаҳрванди Русия суғуртаи тиббӣ дорад ва дар асоси он ӯ аз хизматрасонии ройгони тиббӣ истифода мекунад. Ҳатто онҳо ҳайвоноти хонагиашонро низ суғурта мекунанд. Баҳри ман тааҷҷубовар буд, вақте ки табиби рус, яъне байтор ба гурбаи бемор мегуфт:"Ана, Борис акнун бе душворй метавонй хӯрок истеъмол кунй. Мӯйҳоят ҳам афзудаанд. Ҳаракатҳоят ҳам суръати беш пайдо кардаанд. Ман ҳар ҳафта чун имрӯза туро хабар мегирам". Баъдан оромона ва эҳтиёткорона сари гурбаро сила карду ба ҳайвон як табассуми малеҳ намуда, аз дар бадар рафт. Маблағ ҳам напурсид. Дарҳоле, ки дар мо табиб ба кисаат нигоҳ карда муносибат мекунад. Новобаста ба он, ки ман низ пеш аз сафар суғуртаи тиббй гирифтабудам,аммо дар маркази саломатии маҳаллаи Домодедов аз ман маблағ талаб карданд. Дар Хуҷанд дар вақти додани суғурта низ рақами телефони модарамро гирифтанду халос. Ба ростӣ дар ҳуҷчат чунон бо шрифти хурд ҳарфҳо чоп шуда буданд, ки ман батамом нахондам.-мегӯяд Шамсиддин, ки чанд рӯз қабл ба ватан баргаштааст.
Тоҳир Домуллоҷонов, ки алҳол дар вилояти Калугаи Федератсияи Русия дар беморхонаи ноҳиявии Казелск ба сифати табиб фаъолият дорад, дар Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия гирифтани полиси суғуртаи тиббиро барои муҳоҷири меҳнатй бефоида мешуморад. Дар сӯҳбати телефонӣ ӯ ба мо изҳор дошт, ки "Имрӯз полиси суғурта дар Тоҷикистон ба як бизнес табдил ёфтааст. Дар ҳолати муроҷиат ба муассисаҳои тиббй суғуртаи муҳоҷирони тоҷик, ки дар ватан гирифтаанд, ба назар гирифта намешавад ва мардуми мо маҷбур ҳастанд, ки аз ҳисоби ҳамёни худ маблағ пардохт кунанд. Танҳо дар ҳолати доштани душаҳрвандй ва гирифтани суғуртаи тиббй дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ хизматрасонии тиббии ройгон кафолат дода мешавад".
Муҳоҷири тоҷик бо номи Муйдин Маҳмудзода маблағи суғуртаи тиббиро дар Русия гарон арзёбй мекунад: "Ман чанд сол боз дар Маскав ҳастам ва суғуртаи тиббй надорам. Нархаш хело гарон аст. Танҳо такя ба Худованд мекунам, ки маро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Пеш аз дар мағозаи питзои Маскав ба кор шурӯъ кардан, ман аз табибони рус гузаштам. Ба ман дафтарчаи санитарӣ барои 6 моҳ ба маблағи 2200 рублй русй кушоданд".
Новобаста ба ин, нафароне низ дарёфт гардиданд, ки аз полиси суғуртаи худ самаранок истифода кардаанд. Аз ҷумла писари Саври Халифаева аз ноҳияи Айнй, ки се сол боз дар Русия қарор дорад. Зан мегӯяд, ки "аз шаҳри Хуҷанд писарам страховка харид. Ҳангоми дар Русия буданаш ба бемории зуком (грипп) гирифтор шуд ва ширкат бепул ӯро бо маҳсулоти доруворй таъмин кард. Айни замон мӯҳлати страховкааш тамом шудааст ва акнун ба ширкати русиягй бо мақсади гирифтани суғуртаи тиббй муроҷиат намудааст".
Ташкилотҳои суғуртавӣ мегӯянд: "ҳолатҳое ҳам мешавад, муҳоҷир расидро оид ба маблағи барои хизматрасонии тиббй дар Русия пардохт кардааш ба мо меорад. Агар ба шартҳои суғурта мувофиқат кунад, мо харҷи онҳоро рӯйпӯш мекунем".
Манбаъ инчунин қайд мекунад, ки дар ҳолати зарар ба саломатй баъди гирифтани полиси суғуртаи тиббй шахс бояд тӯли як шабонарӯз ба ширкати суғуртавй муроҷиат карда, рақами тартибии онро пешниҳод кунад. Дар асоси хулосаи табибон агар зарари саломатй ба ҳолати суғуртавй мувофиқат кунад, маблағи зарар аз ҷониби ширкат пардохта мешавад.
Мутобиқи қонун суғурташаванда шахси воқеӣ ё ҳуқуқй, ки дар шартномаи суғурта тараф ба ҳисоб рафта, ҳаққи суғуртавиро мепардозад ва мувофиқи қонун ё эътибори шартнома ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавй дар доираи масъул ияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад.
Ин ҷо овардани чанд қоидаҳоро барои гирифтани полиси суғурта лозим мешуморем:

  • Ҳайгоми гирифтани полиси суғуртавй онро бодиққат то охир хонед, ҳангоми пайдо шудани савол ҳатман аз масъули ширкат пурсед, 
  • муайян намоед, ки ташкилоти суғуртавии ватанй бо кадом: ташкилоти хориҷй ҳамкорй мекунад, ҳудуди; фаъолият (аз чумла чанд шӯъба дар кадом нщвоҳй дорад, рақами телефон),
  • ҳангоми пайдо щудану аломатҳои беморй ё ҳодисаи нохуш барои ташкил намудани ёрии тиббй аз рӯи полиси суғуртавӣ бояд қабл аз муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ ба маркази тамос занг занед, ки дар полис дарҷ гардидааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий