воскресенье, 2 июня 2019 г.

Дӯстиро аз ҷавонон омӯзед!



Ин рақси ҳамҷояи ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон пеш аз оғози Фестивали ворисони кишварҳои ҳамсоя аст. Хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шимоли Тоҷикистон ба деҳаи Қулундуи вилояти Ботканд рафтанд...  

Санаи 29 май Иттиҳодияи ҷамъиятии "Youth of Osh" ва Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои "Ҳамкории байнисарҳадӣ барои устувории сулҳ ва рушд" ва "Рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон" Фестивали ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистонро таҳти унвони "Роҳи дӯстӣ ва некӣ" баргузор намуд.

Чорабинии фарҳангӣ дар деҳаи Қулундуи вилояти Ботканди Қирғизистон бо иштироки ҷавонони ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд. 

Дар нимаи аввали рӯз, ҷавонони ду кишвар аз китобхона ва осорхонаи деҳаи Қулунду дидан намуданд. Дар ҷараёни он, аз ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони деҳа аз наздик ошноӣ пайдо намуда, дар бораи расму оин, ҳунарҳои миллӣ ва фарҳанги пешинаи сокинони деҳа маълумот пайдо карданд. Маълум гардид, ки имрӯз дар деҳа танҳо як нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буда, алҳол ба синни сад қадам задааст. Нимаи аввали саёҳати ҷавонони Тоҷикистон ба ноҳияи Лейлек бо навиштани таманниёт ба дафтари хотироти осорхонаи деҳа ба анҷом расид. 

   Дар нимаи дуввуми рӯз, дар Кохи фарҳангии деҳа Фестивали ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон расман оғоз ёфт. Дар рафти он ҷавонони ҳарду кишвар бо намоишномаи адабӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла шеъру суруд дар бораи Ватан, дӯстӣ ва рақси миллӣ баромад намуданд. Ҳар як намоиш аз ҷониби тамошобинони наврасу ҷавони кишварҳои ҳамсоя бо хушнудӣ ва қарсакҳои бардавом пазируфта мешуд. 
Дар поёни фестивал иштирокчиёни фаъоли кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои саҳм гузоштан дар рушд ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстии ду давлатҳои ҳамсоя бо сипосномаи созмондиҳандагон сарфароз гардиданд.
Чорабинии фарҳангии "Роҳи дӯстӣ ва некӣ" бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстӣ, ба роҳ мондани робитаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ доир шуд.
Дар ин бора, дар ВАО чунин менависанд:



Комментариев нет:

Отправить комментарий