пятница, 26 июля 2019 г.

Эъломия то кай пинҳон мемонад?

Хизматчии давлатӣ, ё ба истилоҳи дигар мансабдор нафари сарватманд, дорои қасру кушк, мошинҳои тамғаи охирон, суратҳисоби бонкӣ бо маблағҳои ҳангуфт, чанд ширкатҳои хусусӣ. когазҳои қимматнок ва оффшорҳо дар чашми мардуми ҷаҳон аст.
Чаро?


Аксҳо аз интернет
Соли 2003 Созмони милали муттаҳид бо қабули Конвенсия бар зидди коррупсия, кишварҳои аъзоро вазифадор намуд, то дар самти эъломиякунонии дороии мансабдорон ва шахсони ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешад.
    Санади мазкур, аз ҷониби кишвари Тоҷикистон соли 2008 имзо гардида, дар заминаи он хизматчиёни давлатӣ ӯҳдадор шуданд, то 1 апрели ҳар сол эъломия оид ба вазъи молумулк ва даромад ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод намоянд. Алҳол таърихи пешниҳоди эъломия аз қонуни ҶТ гирифта шуда, минбаъд дар дастурамали алоҳидаи тартиб муайян хоҳад шуд.
     Дар кишвар хизматчиёни давлатӣ ду намуди эъломияро месупоранд: эъломия дар бораи даромад ва оид ба вазъи молумулк. 
                             Дигар ниҳодҳое, ки барои ҷамъоварии эъломия ваколат доранд:
     Кӣ ба куҷо месупорад?
     Ниҳоди дахлдор аз рӯйи дар куҷо қарор доштани парвандаи шахсии мансабдор муайян        шудааст.

       Шахсони мансаби давлатиро ишғолнамуда дар эъломияҳо маълумотҳои зеринро зикр мекунанд:     
 - дар бораи даромадҳои аз тамоми манбаъҳо гирифтаи онҳо;
- амволи ғайриманқул ва манқули арзишашон дар алоҳидагӣ зиёда аз 110 000 сомонӣ, аз ҷумла молу мулки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ё муваққатан дар ихтиёри шахси дигар буда бо нишон додани арзиш ва суроғаи он ;
- дар бораи пасандозҳои бонкӣ, аз ҷумла дар бонкҳои хориҷӣ доштаашон ва коғазҳои қиматноке, ки шахсан ё ҳамроҳи дигарон ихтиёрдорӣ мекунанд;
- дар бораи иштироки бевосита ё бавосита ба сифати саҳмгузор ё иштирокчии ширкату ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар субъектҳои хоҷагидор ва фондҳо бо нишон додани шакли иштирок ва фоизи моликият дар онҳо;
- дар бораи қарзҳои ҳаҷмашон бештар аз 27 500 сомонӣ ва дигар ўҳдадориҳои молиявӣ, аз ҷумла дар хориҷа;
- маълумот оид ба амволи аъзои оила.
Дар ҳолати аз ҷониби ЭЪЛОМИЯКУНАНДА пешниҳод накардан ё зикри маълумоти бардурӯғ оид ба вазъи амвол ва даромад мувофиқи моддаи 8 Қонуни ҶТ "Дар бораи коррупсия" боиси ба МАНСАБ ТАЪИН НАКАРДАН ё АЗ ВАЗИФАИ ИШҒОЛКАРДА ОЗОД НАМУДАН АСОС МЕГАРДАД.

Акс аз интернет


МАЪЛУМОТИ дар ЭЪЛОМИЯҲО зикршуда ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ  ОШКОР карда НАМЕШАВАД.
Маълумоти эъломияҳо дар ҳолате оммавӣ мешаванд, агар иттилооти бардурӯғ пешниҳодшудаи шахсони мансабдор баръало ошкор гардад. Барои ин санҷиши махсус дар асоси роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ бояд гузаронида шавад.
 Ҳар сол Агентии хизмати давлатӣ аз рӯи салоҳияти хеш танҳо мониторинги ҳолати аз тарафи хизматчиёни давлатӣ супоридани эъломияи андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол мегузаронад.
Мавҷудияти эъломия оид ба даромад ва вазъи молумулк дар кишвар то имрӯз натавонист тасаввуроти мардумро оид ба мансабдор дар Тоҷикистон тағйир диҳад, зеро дар ин самт се мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд доранд:
1.   Марказонида нашудани ҷамъоварии эъломияҳо
2. Мавҷуд набудани механизми иҷрои қонун оид ба гузаронидани санҷиши махсуси дурустии иттилооти пешниҳодшуда дар эъломияҳо.
3. Оммавӣ набудани маълумот.
Мушкилоти аввал дар давлатҳои Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон низ мавҷуд буда, вале бо ҷорӣ кардани Равзаи ягонаи маълумоти шахсони мансабдор ва ҷамъиятӣ тавонистанд назорати ҷомеаи шаҳрвандиро аз болои мансабдорон фаъол гардонанд. Ин усул Гурҷистонро, ки дар даврони Шӯравӣ фасодтарин кишвар ба шумор мерафт, ба давлати муваффақ дар муқовимат бо коррупсия табдил дод.       



Комментариев нет:

Отправить комментарий