четверг, 14 ноября 2019 г.

Барномаи давлатии сармоягузорӣ:анбори лоиҳа ё нақшаи рушд?

"Барномаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" барномаи миёнамуҳлати давлатӣ буда, ҷузъи Дурнамои давлатии сармоягузории кишвар то соли 2030 мебошад. Тибқи ин барнома,
ҷалби сармояи хориҷӣ дар намуди грант, кӯмаки техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба хотири амалишавии лоиҳаҳои афзалиятнок таҳия карда мешавад.
Барномаи мазкур, аз соли 2000-ум дар кишвар роҳандозӣ шуда, барои ҷорӣ намудани он, аз ҳама намуди сармоягузорӣ истифода мегардад.

Бино ба гуфти Соҳиб Зиёев, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Барномаи давлатии сармоягузорӣ ғайритиҷоратӣ буда, он танҳо барои қонеъ кардани талаботи ҷомеа равона карда мешавад.

Дар доираи Барномаи мазкур, 67 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллиард доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин маблағи умумӣ, зиёда аз 52 фисади онро қарз ташкил медиҳад:


Мувофиқи нишондоди соҳа, зиёда аз 76 фоизи сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳа то ҳол муайян нест:

Ба анҷоми "Барномаи давлатии сармоягузории ҶТ барои солҳои 2016-2020" як сол боқӣ мондааст, аммо азхудкунии маблағ дар доираи он 37 фоизро аз маблағи умумӣ ташкил медиҳад.

Infogram
Коршиносон мегӯянд, барномаро на ин, ки нақшаи рушд, балки ба анбори лоиҳа метавон муаррифӣ кард, чунки аз оғози соли 2000 то ба имрӯз 1049 лоиҳаҳои амалӣ нашуда боқӣ мондаанд.
Баҳри саривақт иҷро намудани барнома, Тоҷикистон ҳамасола,тақрибан 800 миллион доллари амрикоӣ бояд сармоя ҷалб намояд. Вале аз рӯйи нишондодҳо ҷалби сармоя аз оғози барнома то ба давраи 1 октябри соли 2019 қариб 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, ба ҳисоби миёна зиёда аз 580 миллион доллар дар як сол мебошад.
Аз рӯйи гуфти Соҳиб Зиёев,  надоштани иқтидори асосноккунии техникии лоиҳа(ТО) ва баробар будани қарзҳои давлатии Тоҷикистон ба 40% маҷмӯи маҳсулоти дохила (ММД)  аксар маврид боиси монеа барои ҷалби бештари сармоя мегардад. 
Бо назардошти ин, намояндаи Вазорат изҳор медорад, ки ҷалби сармоя дар шакли грант бар манфиати кор аст. 
Ташкилотҳои қарзӣ бошанд, баъди омӯзиши вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар пешрафти соҳаҳоро ба назар гирифта, бештар қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунанд. 
Дар ин ҷараён, коршиносони соҳа иброз медоранд, ки қарзҳои Тоҷикистон ба 40 фисади ММД баробар гардида,  кайҳост, аз "хатти сурх" гузаштааст.            



Комментариев нет:

Отправить комментарий