Аз 88 нафар ноболиғони
ҷиноятсодиркарда, 54 нафари онҳоро хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ташкил
дода, шаҳри Хуҷанд тибқи ин маълумоти оморӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.
Сатҳи ҷинояткорӣ бо иштироки
хонандагони мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят:
-Ман дар синфи 7-ум мехонам.
Мактаби мо барои хонандагони боистеъдод аст ва аксари онҳо аз оилаҳои доро
ҳастанд. Чанд соле пеш, ба синфи мо духтараке аз дигар мактаб омад. Бо баҳои 3
мехонад. Муаллимон ба қавли гапи худашон тоқат мекунанд, зеро бо супориши боло
ӯро ба мактаби мо интиқол додаанд. Духтаракони синф ӯро ҷудоиандозӣ мекунанд,
ба гурӯҳи худ шомил кардан намехоҳанд. Ӯ доимо хомӯш менишинад, либосҳои кӯҳна
мепӯшад. Ҳампартааш доимо бо баҳонае аз наздаш фирор карда, дар партаи каси
дигар менишинад,-нақл мекунад П, ҳамсӯҳбати сарироҳии мо.
Ҳангоми гузаронидани пурсиши афкор бештари волидон ва наврасон аз беамалии омӯзгорон ва
маъмурияти мактаб изҳори афсӯс карданд.
-Ҳаррӯз фарзандам аз ман
хоҳиш мекард, то барояш ручка, қалам, ё дафтар бихарам. Баҳонае пеш меовард, ки
лавозимоти хонишро гум кардааст,-мегӯяд Муборак.- Як рӯз омад, шимаш даридагӣ,
дигар рӯз таги чашмонаш кабуд. Бачаи шӯхам, яке оромтабиат шуд. Гуфтам, ки
мактаб назди муаллимааш меравам. Аз тарс ҳама ҳолатро бароям нақл кард. Маълум
шуд, ки дар синфи онҳо фарзанди эркае мехондааст. Хар чизе нафаре ки
барояш маъқул шуд аз худ мекардааст, дар рафти дарс ба ҳар коре даст мезадааст,
аммо муаллима ӯро сарзаниш намекардааст. Баръакс муаллима ба хонандагон
мегуфтааст, ки «агар бузи синф шудан нахоҳед ба падару модаратон нагӯед». Рафта
шикоят кардам, ҳама айбро болои фарзанди ман бор карданд. Баъди чанд моҳе
писарам хабар овард, ки ӯро ба синфи дигар гузарониданд, зеро модари яке аз
ҳамсинфонаш, ки журналист будааст то директори мактаб шикоят бурдааст.
Тибқи сухани ҳамсӯҳбати
дигари мо С, ки 14 сол дорад, ҳолатҳое
ҳам кам нестанд, вақте омӯзгорон ду нақшро мебозад: ҳам психолог ва ҳалкунандаи
мушкилот:
-Аввал аз мӯям мекашид, баъд
бо ҷадвал ба сарам мезад. Ин чанд маротиба такрор шуд. Ба муаллима гуфтам, чанд
боре сарзаниш карданд. Сонитар, аз юбкаам мекашидагӣ шуд. Сахт тарсидам, барои
ин кораш муаллима ӯро як шаппотӣ заданд. Муаллима гуфтанд, ки «ба додот нагӯ,
фелашон ганда, мабодо кушта намонанд, ман худам ҳал мекунам».
-Синни наврасӣ синни миёнаи
мактабӣ аз 12 солагӣ огоз гашта, то синни 14-15 солагӣ идома меёбад. Дар ин
синнусол дар ҷисм, физиология ва психологияи кӯдак дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд
меояд. Пеш аз ҳама, ин раванди балогатрасии наврас аст.
Дар ин вақт, дар наврас
ҳисси калоншавӣ пайдо мешавад. Гамхории кӯдаконае, ки нисбат ба ӯ дар синни
хурди мактабӣ хуб пазируфта мешуд, дар синни наврасӣ қабул карда намешавад.
Дар вай масофаи шахсӣ пайдо
мешавад, ки танҳо ба одамони наздик иҷозат медиҳад. Дигар хусусият он аст, ки
дар вай образи «МАН» пайдо мешавад. Ӯ худро бо дигарон муқоиса, таҳлил ва
баҳогузорӣ мекунад. Ваҷҳи асосии наврасон, дар ин синнусол муошират мегардад. Барои
ҳамин ҳам, дар синни наврасӣ аллакай
мавқеи хондан каме мекоҳад, танҳо муносибат нисбат ба муаллимон ва ҳамсинфон
дар ҷойи аввал қарор мегирад. Ва дар ин замина,дар кӯдак хусусияти пешбаранда,
сарвар будан, мавқеи худро дар ҳамон гурӯҳ пайдо кардан пайдо мешавад На ҳама
метавонад мавқеи худро дарёбанд. Нафароне бо характер, бо симо, бо хусусиятҳои
инфиродии худ, устуворӣ, қавииродагӣ тезтар мавқеъ пайдо мекунанд. Вале
агрессия дар кӯдак дар шароити оила ба вуҷуд меояд. Агар дар оила нисбат ба
нажод, мансубияти динӣ, симои нафарони имконияташон маҳдуд ягон бадбинӣ вуҷуд
дошта бошад, кӯдак онро ҳамчун меъёр қабул ва дар муҳит истифода мекунад. Аз
ҷониби дигар, он ҳиссиёте, ки дар оила қонеъ карда наметавонад, дар симои
наврас ҳамчун агрессия зоҳир мешавад.
Дигар наврасоне, ки аз рӯи
мизоҷ, флегматик ё заифтар ҳастанд, мавриди истифодаи ин пешбарон метавонанд
қарор гиранд. Вақте наврас тарсончак шуд, ӯро истифода мебаранд. Тарс хуб аст, ҳатто
барои бархе волидон қулай аст, зеро кӯдак қобил ва гапдаро мешавад, аммо дар чунин
ҳолатҳо худро муҳофизат карда наметавонад. Дар инсон бояд ҳама ҳиссиётҳо ҳузур
дошта бошад, вале бо меъёри муайян.
Ин як намуди хушунат ва
зӯроварӣ хам ҳаст. Вақте волидон дахолат мекунанд, метавонад аксуламал нишон
диҳад ва ҳолат боз вазнинтар шавад,зеро дар синни наврасӣ дар байни онҳо қонуни
нонавиштае ҳаст, хабаркашӣ набояд кард.
Ин ҳудуд, маҳалли вай аст ва
бояд мавқеи худашро ёбад. Дар ин ҳолат волидон бояд моҳирона рафтор кунанд,
зеро дар синни наврасӣ онҳо тез асабӣ мешаванд,
Пас чӣ бояд кард? Ба ин суол
Муҳаррам Раҳимова чунин ҷавоб медихад:
- Дар психология як принсип
ҳаст, агар ба таври дигар гӯем «саг аккос мезанад корвон меравад», яъне ба
ҳолати провокатсионӣ эътибор надодан. Ин ҳама барои хурӯҷи ҷангу ҷидол роҳандозӣ
мешавад. Дар ҳолати эътибор надодан, оташи хушунат ва зӯроварӣ торафт паст мешавад. Аз ҷониби дигар, агар ин пешгирӣ
нашавад, ҷабрдида мавқеи худро дарёфт карда натавонад, агрессор то дараҷае ки
мехоҳад метавонад ӯро истифода барад. Барои ҳамин, мо чанд методҳои бартараф
кардани низоъ, истифода бурдани чанд машқҳо психологиро меомӯзонем. То ҷабрдида
истодагарӣ карда, фишоре ки нисбат ба вай мешавад ҷавоб дода тавонад. Муаммо бо
худи наврас ба вуҷуд омадааст ва ӯро бояд тайёр кард, то ба ҳамон муаммо ҷавоб дода,
аз ҳамин ҳолат баромада тавонад. Агар натавонад ӯ бояд равад. Дар ҳалли муаммо ду холат аст: худро дигар мекунӣ ё баромада меравӣ, дигар
роҳ нест.
Агар наврас ба волидон доир
ба ин мушкилот ҳарф зад, набояд ӯро маҳкум кард, балки ҳатман ба равоншинос
бояд муроҷиат кард.
Тибқи гузориши Юнеско дар
ҷаҳон ҳар саввум хонанда моҳе як маротиба аз ҷониби ҳамсоли худ мавриди хушунат
ва зӯроварӣ (буллинг) дар мактаб қарор гирифтааст. Дар ҳамаи давлатҳо, ба гайр
аз Аврупо ва Амрикои шимолӣ таҳқири ҷисмонӣ ва ҷинсӣ ду намуди маъмули буллинг
ба хисоб меравад. Сабабҳои асосии онро хонандагони тоҷик дар нажод, миллат,
ранги пӯст (17,8%), мансубияти динӣ
(6,2%) ва симо (3,1%) маънидод намуданд.
P.S. Агар нисбат ба Шумо, рафиқ, дугона.
шогирд ё фарзандонатон дар мактаб буллинг ё худ таҳқир, хушунат, зӯроварӣ
истифода гардад, метавонед барои кӯмак ба кафедраи психологияи иҷтимоӣ,
факултаи психология ва таҳсилоти томактабӣ ва касбӣ ДДХ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд,
микроноҳияи 20-ум, бинои 3, паси КВД «Кохи матбуот» муроҷиат намоед.
Зебоҷон Қурбонова
Пайгирии мавзӯъ идома дорад…
Комментариев нет:
Отправить комментарий