четверг, 24 декабря 2020 г.

Дахолати барвақтӣ чист, зарурати рушди кӯдакони синни томактабӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини кишварҳои олам

 Зиёда аз 30 сол дар ҷаҳон барномаи Дахолати барвақтии (минбаъд ДБ) кӯдакон амалмекунад. Таърихи он аз соли 1990 аз кишвари Амрико маншаъ мегирад, ки бори аввал тибки ин барнома духтури бачагона ӯҳдадор мешуд кӯдаконро аз синни барвақтӣ ба муоинаи скринингӣ равон намояд.

Имрӯз ин мафҳум тавзеҳи васеъ пайдо намуда, он ҳамчун барномаи дастгирии оила дар самти рушди барвақтӣ ва кӯмаки саривақтӣ барои зиндагонии сазовори кӯдакони дорои тамоюлхои гуногуни инкишоф маънидод мешавад.

-Мафҳуми «Дахолати барвақтӣ» дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар, ки ба кӯдакони то синни 6-сола равона бошад нест,-мегӯяд сардори Раёсати ташкили хизматрасонихои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ Зоҳир Набиев.-Алҳол дастур оид ба ин барнома дар ҳамҷоя бо Вазоратҳои маориф ва молия дар ҷараёни омодашавӣ аст.

Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз аз соли 2009 бо барномаи Дахолати барвақтӣ сарукор доштанд. 

среда, 11 ноября 2020 г.

Лоихаи "Дахолати барвақтӣ ва рушди кудакони синни томактабӣ ҳамчун қадами аввалини абилитатсия" огоз гардид

  Мақсади лоиҳа баланд бардоштани маърифати ахоли оид ба дарки зарурат ва муҳимияти таваччух ба кудакони синни томактаби тавассути маводи чандрасонаӣ буда, он бо маблаггузории ташкилоти байналхалкии Институти Чамъияти Кушода -"Бунёди Мадад" дар Точикистон амали мешавад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, омода ва нашр намудани чахор силсиламақолаҳои таҳлилӣ дар мавзӯъҳои
"Дахолати барвақтӣ чист, зарурати он ва таҷрибаҳои беҳтарини кишварҳои олам",
"Вазъи амалишавии барномаи дахолати барвақтӣ дар Тоҷикистон, саҳми давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва натиҷагирӣ аз он",
"Таваҷҷӯҳ ба рушди биологӣ ва иҷтимоии кӯдакони синни томактаби- омодагӣ ба имконияти шуғл ва зиндагии хуби мустақилона",
"Дахолати барвақтӣ - рушди сармояи инсонӣ ва кафолати коҳишёбии қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ"
ба назар гирифта шудааст.
Лоиха аз чониби рузномаи "Гулистони дониш" дар хамкори бо рузномахои "Саломат бошед!", "Нилуфар" ва "Лочин" дар вилояти Сугд амали карда мешавад.








вторник, 18 августа 2020 г.

Буллинг дар мактаб ё худ амнияти таҳсили хонандагонро кӣ бояд таъмин намояд?

    Мувофиқи гузориши охирони ЮНЕСКО оид ба мавзӯи «Паси рақамҳо: қатъи хушунат ва таҳқир дар мактаб (Behind the numbers: Ending school violence and bullying) 51 фоизи хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз шумораи умумии пурсидашудагон гуфтанд, ки бештар ба буллинги ҷисмонӣ рӯ ба рӯ гаштаанд.