четверг, 24 декабря 2020 г.

Дахолати барвақтӣ чист, зарурати рушди кӯдакони синни томактабӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини кишварҳои олам

 Зиёда аз 30 сол дар ҷаҳон барномаи Дахолати барвақтии (минбаъд ДБ) кӯдакон амалмекунад. Таърихи он аз соли 1990 аз кишвари Амрико маншаъ мегирад, ки бори аввал тибки ин барнома духтури бачагона ӯҳдадор мешуд кӯдаконро аз синни барвақтӣ ба муоинаи скринингӣ равон намояд.

Имрӯз ин мафҳум тавзеҳи васеъ пайдо намуда, он ҳамчун барномаи дастгирии оила дар самти рушди барвақтӣ ва кӯмаки саривақтӣ барои зиндагонии сазовори кӯдакони дорои тамоюлхои гуногуни инкишоф маънидод мешавад.

-Мафҳуми «Дахолати барвақтӣ» дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар, ки ба кӯдакони то синни 6-сола равона бошад нест,-мегӯяд сардори Раёсати ташкили хизматрасонихои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ Зоҳир Набиев.-Алҳол дастур оид ба ин барнома дар ҳамҷоя бо Вазоратҳои маориф ва молия дар ҷараёни омодашавӣ аст.

Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз аз соли 2009 бо барномаи Дахолати барвақтӣ сарукор доштанд. 


Сабоат Ахмедова, сардори ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» зикр мекунад, ки бо мафҳуми  ибораи «Дахолати барвақтии кӯдак» дар як семинаре, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар минтақаи ҷануби мамлакат соли 2011 доир гаштааст, ошноӣ пайдо намудааст. Дар ҷараёни семинар ӯ дарк намудааст, ки ташаббусҳои ташкилот ҳанӯз аз соли 2009 барномаи мазкурро, дар шаҳри Исфара амалӣ менамояд.     


-Соли 2009 дар 9 ҷамоати шаҳри Исфара марказҳои тавонбахширо барои кудакони маъюб бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ташкил намудем. Дар марҳилаи аввал, силсилатренингҳо барои ҳамшираҳои шафқати тибби оилавӣ оид ба саривақт ва дар синни барвақтӣ муайян намудани кӯдакони муаммои инкишоф дошта баргузор гардид. Дар марҳилаи дуввум, хатмкардагони ин омӯзиш дар маҳалҳои худ 495 нафар кӯдаконеро, ки сатҳи инкишофи онҳо ба синнусолашон мувофиқ нест, дарёфт намуданд.  Соли 2010 марҳилаи дигари ин лоиҳа оғоз гардид. Аз 495 нафар мо 60 нафар кӯдакро интихоб намуда, барои модарони онҳо машқҳои осони тавонбахшӣ ва нигоҳубину муносибат нисбат ба кӯдаки беморро ёд додем. Дар натиҷа аз ин 60 нафар 20 нафарашон ба боғчаҳои умумӣ рафтанд. Ҳангоме ки ҳамон сол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 360 нафар кӯдакони муаммои инкишоф дошта, танҳо 3 нафарашон ба боғчаҳои умумӣ ҷалб гашта буданд.   

Роҳбари ТҶ «Рангинкамон» мегӯяд, барнома барои Тоҷикистон басо муҳим ва саривақтӣ аст. 

Он ба оила равона шудааст, ки дар барнома мутахассиси асосӣ волидон ҳастанд ва мақсад муттаҳид намудани оила дар гирди кӯдак мебошад.

Сабоат Ахмедова, инчунин қайд мекунад, ки барномаи мазкур, аллакай дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба нақшаи дурнамои миллӣ ворид шудааст. Аз ҷумла, дар Фаронса, Испания, Украина, Русия ва Юнон.

Таҷрибаҳои кишварҳои ҷаҳон (Испания. Фаронса, Украина, Русия, Юнон ва Тоҷикистон)

Ҳар кишвар таърих, шакл, рушд ва хусусиятҳои гуногуни низоми барномаи Дахолати барвақтӣ (минбаъд ДБ) дорад.  Коршиносони давлатҳои зикрашон боло изҳор медоранд, ки тарзи истифодаи дурусти барнома хароҷоти давлатро дар оянда 7 маротиб коҳиш медиҳад ва сармояи инсониро ба манфиати миллат меафзояд.

Синнусоли кӯдакон

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари давлатҳо хизматрасонӣ дар самти ДБ аз рӯзи таваллуди кӯдак оғоз гардида, то синни мактабӣ идома меёбад. Аз ҷумла,

Бояд кайд намуд, ки дар он мамлакатҳое ки хизматрасонии барномаи Дахолати барвақтӣ амал мекунад, имкони муайян намудани муаммои инкишоф доштани тифл ҳанӯз дар батни модар вуҷуд дорад. Ин ҳангоми муоинаи занони ҳомила амалӣ карда мешавад, вале он ҳам маҷбурӣ нест.

 Кӣ кӯдаконро барои гирифтани хизматрасонии барномаи ДБ равон мекунад?

Дар Фаронса ва Юнон қудаконе, ки муаммои инкишоф доранд, кормандони иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасонии ДБ роҳхат медиҳанд. Дар боқимонда кишварҳо инҳо волидон, наздикони онҳо ё табибон ҳастанд. Дар Тоҷикистон одатан табиби оилавӣ, ё ҳамшираи шафқати тибби оилавӣ онҳоро бо барнома шинос менамояд.

 Кӣ тибқи барномаи ДБ ба кӯдакон хизмат мерасонад?

Чунин хизматрасонӣ дар Фаронса аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ маблағгузорӣ гашта, танҳо дар муассисаҳи тиббии давлатӣ дастрас ва барои волидон ройгон мебошад. Дар Испания чунин хизматрасонӣ аз ҷониби муассисаҳои тибби хусусӣ ба роҳ монда шуда, хароҷоти онҳо аз ҷониби давлат пардохт мешавад. Дар Юнон хизматрасонӣ ба суғуртаи иҷтимоӣ ворид карда шудааст.

Ғояии асосии дахолати барвақтӣ дар Украина бошад, ин ташхиси саривақтии кӯдак аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои гуногун (табиб, физреабилитолог, равоншиноси бачагона, педагог-дефектолог, логопед, физиотерапевт, эрготерапевт, педагоги ҷамъиятӣ ва дигар мутахассисон бино ба зарурият) ва нақшаи муайян оид ба тавонбахшии барвақтии кӯдак ва афзудани имконият ва устувор намудани мавқеи оила мебошад. Дар Русия низ вазъ дар ин самт ҳамсон аст. Дар кишвари мо дар ҳуҷраҳои Дахолати барвақтӣ табиби оилавӣ ва хамширахо тибби оилавӣ машқҳои тавонбахшӣ мегузаронанд. Махз онҳо ба волидон барои мурочиат ба ин ё он мутахассис тавсия медиҳанд, ки он аллакай берун аз ин ҳуҷра ва берун аз ин барнома сурат мегирад.

 Бо мутахассисони ДБ пайваста бояд машғул шуд?

Дар Фаронса хизматрасонӣ тибқи барномаи ДБ ба волидон 90 дақиқа дар як ҳафта расонида мешавад, ки он дар шаҳрҳои асосӣ ва минтақаҳои дорои сатҳи регионалӣ дастрас мебошад. Дар Испания мутахассисон бо оила 1 ё 2 соат дар як хафта корбарӣ менамоянд. Дар Украина низ тахмин чунин аст, вале таҷриба вобаста ба маҳал фарқ мекунад. Мисол дар Одесса вохӯрии аввалин 50 дақиқа идома меёбад. Дар он ду мутахассис иштирок мекунанд, ки дар бораи фаъолияти маркази Дахолати барвақтӣ маълумот медиҳанд, инчунин муаммои волидонро, ки онҳоро айни замон, парешон мекунад, муайян менамоянд. Вохӯрии дуввум 2 соат давом меёбад ва он мусоҳиба «Як рӯзи оддӣ» ном дорад. Дар он волидон ба мутахассисон маълумот оид ба фаъолияти ҳаррӯзаи оила ва иштироки кӯдак дар он пешниҳод мекунанд. Мақсади асосии ин вохӯрӣ муайян намудани вазифаҳои асосии оила барои таҳияи нақшаи дахолати барвақтии индивидуалии ҳар як оила мебошад. Вохӯриҳои минбаъда дар як ҳафта як маротиба сурат гирифта, он 50 дақика тӯл мекашад ва он дар хона, дар муҳити оилавӣ, мағоза ё майдончаи бачагона доир мешавад.

Низоми барномаи Дахолати барвақтӣ дар Украина ва Русия фаъолиятро на дар марказ, балки дар шароити хона, дар он муҳите ки кӯдак ба воя мерасад тарғиб мекунад. Ба ҳамин васила, мутахассисон ба волидон усули дурусти фароҳам овардани шароит барои фаъолияти фаъолонаи кӯдак дар фазои худиро меомӯзонанд.

Дар Точикистон, аз ҷумла дар Суғд он дар ҳуҷраҳои дахолати барвақтӣ идома ёфта, миқдори соати машғулиятҳо дақиқ нест, зеро масъулин онро вобаста ба навъи мушкилии кӯдакон маънидод намуданд. Ногуфт намонад, ки фаъолияти чунин ҳуҷраҳо дар шакли марказҳо дар назди ташкилотхои ҷамъиятӣ дар мамлакат пайваста ба роҳ монда шудааст. Вале низоми барномаи дахолатӣ барвақтӣ дар сатҳи муассисаҳои тиббии давлатӣ беҳбудӣ мехоҳад.

Дуруст ба роҳ мондани барнома барои давлатҳое ки ба мисли Точикистон дефитсити буҷа доранд, аз лиҳози иқтисодӣ басо баманфиат аст. Бино ба тадқиқотҳои байнлхалқӣ 1 доллари амрикоие, ки ба хизматрасонии Дахолати барвақтӣ сармоя гузошта мешавад, метавонад дар оянда хароҷоти кишварро дар хаҷми 17 доллари амрикоӣ коҳищ дихад.

Зебоҷон Қурбонова

Мавод бо дастгирӣ ва маблағгузории ташкилоти байналхалқии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Дахолати барвақтӣ ва рушди кудакони синни томактабӣ ҳамчун қадами аввалини абилитатсия»  омода шудааст.




 


Комментариев нет:

Отправить комментарий