среда, 20 сентября 2017 г.

Муҳоҷир: модарони олам хостори сулҳ ҳастанд!

Худованд дар қатори ҳазорҳо нафар ҷавонони муҳоҷир орзуи деринаи бачаи деҳотиро амалӣ гардонд. Ин ҳам бошад, кӯшиши кор ба давлати Русия буд. Кор дар Русия бароям афсонаеро мемонд, амалинашаванда. Лек чӣ хеле, ки дар халқ мегӯянд: "Худо диҳад бачаи кӣ намегӯяд".

суббота, 16 сентября 2017 г.

Суғуртаи тиббӣ: ҳушёр бош!

Баробари афзудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бозори полисҳои суғуртавӣ дар кишвар рӯ ба рушд доранд. Ин дар ҳолест, ки бархе муҳоҷирони тоҷик аз фаъолияти ширкатҳои суғуртавии ватанӣ изҳори норизой карда, мегӯянд, суғуртаи тиббиро муассисаҳои тиббии Русия ба эътибор нагирифта аз онҳо маблағи нақдӣ талаб намудаанд.

пятница, 1 сентября 2017 г.

Дастагули ҷавонони Тоҷикистон ба сокинони Қирғизистон

Санаи 17 августи соли ҷорӣ ҷавонони Тоҷикистон ба сокинони деҳаҳои Борбордук ва Арқаи Қирғизистон дастагул тӯҳфа намуданд. Дастагул оддӣ набуда, аз сабзавоту меваҷот иборат мебошад. Муфассалтар дар хабари зер, ки ба таври мустақим дар радиои виялости Суғд пахш шудааст, лутфан бишнавед:

среда, 23 августа 2017 г.

Зиндагӣ баъди муҳоҷират


 Имрӯз селаи муҳоҷират аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо афзуда, масоили дигареро ба миён овардааст. Ин ҳам бошад, зиндагӣ баъди муҳоҷират аст. Ҷои пӯшида нест, ки аксари муҳоҷирон ба хотири хотима бахшидан ба таззодҳо ва шиканҷаҳои корфармоён дар ҳиҷрат ба ватан бармегарданд. Аммо хушҳолӣ дар ҳалқаи оила дер давом намеёбад, зеро гуруснагӣ ва эҳтиёҷот ба маблағ барои бурдани аробаи зиндагӣ сарвари оила -мардро ба ташвиш меорад. Бозгашт ба муҳоҷират бо тавассури машаққатҳо номумкин мегардад, аммо ҳамоно...
Ҳукумати Тоҷикистон то ҷое барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ барномаҳои давлатӣ қабул менамояд. Дар доираи ин барнома, мисол дар минтақаҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба муҳоҷирони баргашта пешниҳод мегардад. Инчунин дар баробари ин, тариқи марказҳои шуғлҳои аҳолӣ додани қарзҳои бефоиз барои муҳоҷирони баргашта вуҷуд дорад. Муаллифи мавод тасмим гирифт, ба даст овардани имтиёзи мазкурро, зина ба зина дар акси зер орем:

воскресенье, 30 июля 2017 г.

40 нафар ба "Водии Офтоб" сафар мекунанд

Санаи 31 июли соли ҷорӣ 40 нафар сокинони ҷавони деҳаҳои Сомониён ва Кок-Тош ба "Водии Офтоб" сафар хоҳанд кард. Имконияти мазкур, ба ҷавонони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон аз 31 июл то 5 августи соли ҷорӣ дар бинои таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон, дар лагери маърифатӣ фароҳам мегардад.

пятница, 21 июля 2017 г.

Таҳсили 12-сола барои Тоҷикистон миллиард сомонӣ арзиш дорад

Қазоқистон аз низоми таълими 12-солаи таҳсилот даст кашид. Аммо Тоҷикистон аз соли 2020 то 2032 тадриҷан ба низоми 12-солаи таҳсил мегузарад.

Ҳадафи асосии  роҳандозии чунин низоми таълимро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ Икром Донахонов, намояндаи Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми таълими ягонаи ҷаҳонии таҳсилот иброз медорад.

пятница, 2 июня 2017 г.

Сокинони минтақаҳои марзӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

Ду миллиард доллари амрикоӣ барои Тоҷикистон кифоя аст, то ки тамоми аҳолии кишварро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Ин дарҳоле, ки 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Миёна маҳз дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд. Бо назардошти ин, муколамаҳо ва рушди дипломатияи ҷамъиятӣ дар кишвар ногузир буда, маҳз робитаи хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо мушкилоти мардум, аз ҷумла сокинони минтақаҳои наздисарҳадиро дар самти дасрасӣ ба об осон мекунад.